БОЗДОШТИ ДУ ФАРДИ МУТТАҲАМ БА ҚАТЛ ДАР БАДАХШОН
Дар ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори кӯҳистонии Бадахшон як фарди мазнун ба қатли инсон, ки ду сол боз мавриди ҷустуҷӯи пулис қарор дошт, боздошт шудааст. Носир Нафасбеков, муъовини аввали додситони вилояти Бадахшон, дар нишасте матбуъотӣ гуфт, ки Ғуломшо Занҷирбекови 47-сола дар қатли як сокини деҳаи Кушки ноҳияи Шуғнон мазнун аст.
Вай 28 ноябри соли 2009 дар ҳолати мастӣ бо ҳамсояаш Манучеҳр Наврӯзов ҷанҷол карда ва бо чанд зарби корд дар қафаси синааш ӯро аз пой дароварда буд. Сипас, вай аз маҳалли ҳодиса ба хориҷ фирор кардааст. Оқои Нафасбеков гуфт, ки пулис дар авоили моҳи апрел дар як амалиёти фаврии ҷустуҷӯӣ Занҷирбековро пас аз бозгашташ ба ватан дар деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон дастгир кардааст.
Аз сӯйи дигар, тибқи иттилоъи сарҳанг Юсуф Назаршоев, раиси идораи пулис дар вилояти Бадахшон, маъмурони пулиси маҳаллӣ тавонистаанд аз ҷумлаи 44 нафар мазнун ба иртикоби ҷароим, ки аз пулис худро пинҳон мекарданд, 8 нафарро боздошт кунад.
Ду моҳ қабл додгоҳи вилояти Бадахшон сокини шаҳри Хоруғ Раҳимёр Назармамадовро барои қатли як сокини ин шаҳр ба ҳабси абад ва барои ҳамдастӣ дар ин ҷиноят Мақсад Мамадатоевро ба мӯҳлати 25 сол, Саидҷаъфар Мастоншоевро ба мӯҳлати 20 сол ва Мунаввар Мамадатоевро ба мӯҳлати як сол ба зиндон маҳкум карда буд. Носир Нафасбеков хабар дод, ки дар се моҳи соли равон дар қаламрави вилоят панҷ ҷинояти сангин рух додааст, ки дар соли гузашта чунин ҷароиме ба мушоҳида нарасида буд.
Аммо сарҳанг Юсуф Назаршоев иттилоъ дод, ки ҳафтае пеш дар шаҳри Хоруғ фарди дигаре ҳам, ки 15 сол мавриди ҷустуҷӯи пулис қарор дошт, дастгир шудааст. Вай гуфт, ки ин фард ба қатли бародарон, Сӯҳроб Азизбеков, корманди пулиси маҳаллӣ, ва Атобек Азизбеков, пизишк, дар моҳи июни соли 1996 муттаҳам шудааст.
Би-Би-Си