00:11:05 03-уми Июни 2025 сол

БУҲРОНИ ЯМАН ФАРДО ДАР РИЁЗ ҲАЛЛ ХОҲАД ШУД

Мақомоти давлатӣ ва мухолифини Яман рӯзи чоршанбе ба манзури тасвиби роҳи ҳалли се моҳи ошӯбҳои хунини ин кишвар ба Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ мераванд.

Ин қарордод бо миёнҷигии кишварҳои халиҷи Форс баста хоҳад шуд. Султон Бараконӣ, муовини дабири кулли ҳизби ҳокими Яман гуфт, ҷониби давлат ҷиҳати имзои ин созишнома дар Риёз аз сӯи Саудия даъват гирифтааст. Муҳаммадсалим Басиндво, раҳбари Шӯрои миллии муколама, ки мухолифин таъсис додаанд, низ гуфт, як ҳайъати онҳо ҳам ба Риёз хоҳад рафт.

Шӯрои ҳамкории халиҷ ташкили як ҳукумати ваҳдати миллӣ таҳти раҳбарии мухолифин дар Яман ва таҳвили қудрат аз президент Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба ноиби ӯ дар зарфи 30 рӯз дар ивази тазмини масунияти ӯву фарзандонашро пешниҳод кардааст. Солеҳ, ки 33 сол боз бар Яман ҳукумат меронд, рӯзи шанбе ба ин муомила ризоият дод.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854