ДОДСИТОНИ КУЛЛИ АМРИКО: КУШТАНИ БИН ЛОДИН ТЕРРОР НАБУД
Эрик Ҳулдер, додситони кулли Амрико, гуфтааст, ки ҳамла ба махфигоҳи Усома бин Лодин, ки мунҷар ба кушта шудани раҳбари шабакаи Алқоъида шуд, амалиёти сӯйиқасд ба ҷони ӯ набудааст.
Оқои Ҳулдер ба Би-би-сӣ гуфт амалиёте, ки Амрико дар Абитободи Покистон ба иҷро даровард, "маъмурият барои куштан ё асир кардани Усома бин Лодин" таъриф шуда буд ва агар раҳбари Алқоъида ибрози омодагӣ карда буд, ки таслим мешавад, кумондуҳои Амрико мепазируфтанд.
Эрик Ҳулдер афзуд ҳифзи ҷони кумондуҳои Амрикоии маъмури анҷоми ин амалиёт, ки аз воҳиди дарёии "Нейвӣ Силз" (Navy Seals) буданд, муҳимтарин авлавият барои Амрико буд. Усома бин Лодин дувуми май дар вилое, ки дар он ба таври махфиёна зиндагӣ мекард, ба зарби гулӯлаи кумондуҳои Амрикоӣ кушта шуд.
Оқои Ҳулдер гуфт нерӯҳои вижа ба таври мутаносиб бо шароити мавҷуд, ки мушаххас набуд раҳбари Алқоъида ҳозир ба таслим аст ё на, даст ба иқдом заданд.
Додситони кулли Амрико гуфт: "Агар чунин эҳтимоле вуҷуд дошт ба таври имконпазир таслим сурат бигирад, ин иттифоқ меафтад. Аммо ҳифзи ҷони кумондуҳое, ки вориди муҷтамаъ дар Абитобод шуда буданд, ба назари ман муҳимтарин мавзӯъ дар зеҳни мо буд.