12:45:44 01-уми Июли 2025 сол

ИНФИҶОР ДАР ИРОҚ ЧАНДИН КУШТА ВА ЗАХМӢ БАР ҶОЙ ГУЗОШТ

Вуқуъи чанд инфиҷор дар шаҳри Киркук, воқеъ дар шимоли Ироқ ба кушта шудани дастикам бисту панҷ нафар ва захмӣ шуданишаст нафари дигар мунҷар шудааст.

Ду инфиҷор дар муқобили як посгоҳи пулиси маҳаллӣ ва инфиҷори саввум дар канори як худрави пулис рӯй дод.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ дар ҳоле ки пас аз вуқуъи нахустин инфиҷор гурӯҳе аз мардум барои кумак ба захмиҳои ин ҳодиса дар маҳалли бумбгузорӣ гирд омада буданд, бумби дигаре мунфаҷир шуд.

Кутоҳ муддате пас аз он ҳам бумбе дар наздикии як утумубили гаштии пулис мунфаҷир шуд, ки чанд маъмури пулисро захмӣ кард.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ