12:58:53 01-уми Июли 2025 сол

"СИВУ ПАНҶ" КОРМАНДИ ЯК ШИРКАТИ РОҲСОЗӢ ДАР АФҒОНИСТОН КУШТА ШУДАНД

Мақомот дар шарқи Афғонистон мегӯянд сиву панҷ корманди як ширкати роҳсозӣ дар як ҳамлаи шуришён кушта шудаанд.

Як мақом дар вилояти Пактиё ба Би-би-сӣ гуфт ин кормандон дар дар бузургроҳе, ки вилоёти Пактиё ва Хустро дар як минтақаи дурдасти куҳистонӣ бо ҳам мепайвандад, кор мекарданд.

Ин пружаро ҷомеъаи байналмиллалӣ сармоягузорӣ мекунад. Ҳамла ба кормандон шабонгоҳӣ сурат гирифт. Гуфта мешавад 8 тан аз шуришиён низ кушта шудаанд. Ин ҳодиса хунбортарин ҳамлаи шуришиёни Толибон тайи моҳҳо аст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ