17:43:35 04-уми Июни 2025 сол

ҲУКМИ СУДӢ НИСБАТИ АЪЗОЁНИ ҲИӮ

Коллегияи судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии парвандаҳои ҷиноятиро нисбати 6 нафар аъзоёни Харакати Исломии Ӯзбекистон ба анҷом расонид.

Аз рӯи тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Розиқов Зиё¬улҳақ, Шайдуллоев Раҳимбек, Одинаев Абулфазл, Муслиҳиддини Обидхон, Оди¬наев Сайвалӣ ва Музаффаров Маҳмадзамон ба ҳайати созмонҳои террористӣ-¬экстремистӣ шомил шуда, аз соли 2001 то соли 2008 ҳамчун аъзоёни фаъоли Ҳа¬ракати Исломии Ӯзбекистон дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар муҳорибаҳо ба муқобили қувваҳои ҳукуматӣ ва иттиҳодияи коалитсионӣ ширкат варзидаанд. 

Дар натиҷаи баргузории силсилаи амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кармандани мақомоти амнияти миллии ҶТ ав¬вали соли 2009 Розиқов Зиёулҳақ, Шайдуллоев Раҳимбек, Одинаев Абулфазл, Муслиҳиддини Обидхон, Одинаев Сайвалӣ ва Музаффаров Маҳмадзамон боз¬дошт гардида, нисбати онҳо ба дастрасии моддаи 187 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд. 

Ба ҳукми Коллегияи судии Суди Олии ҶТ Розиқов Зиёулҳақ, Шайдуллоев Раҳимбек, Одинаев Абулфазл, Муслиҳиддини Обидхон, Одинаев Сайвалӣ ба мӯҳ¬лати 8 сол, Музаффаров Маҳмадзамон ба мӯҳлати 8 солу 6 моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳотии низомаш пурзӯр, аз озодӣ маҳрум карда шуданд. 

Бекназари Абӯбакр, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854