06:12:39 01-уми Июни 2025 сол

ДАР ҲАМЛА БА МЕҲРОН 5 НАФАР ҶОН БОХТААНД

Бар асари ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии артиши баҳрии Покистон дар Карочӣ  то 5 нафар кушта  ва ҳудуди 10 тани дигар захмӣ шудаанд. Бо гузашти беш аз 5 соат аз шурӯъи ҳамла, бино ба хабарҳо, субҳи имрӯз низ аз пойгоҳи Меҳрон садои тир меомад.

Ҳамлагарон, ки гумон меравад, исломиҳо бошанд, ба сӯи ҳавопаймоҳои мустақар дар ин пойгоҳ, аз ҷумла як ҳавопаймои дидбонии Амрико, тир кушодаанд. Дар бораи чандин таркиш ва оташсӯзӣ дар Меҳрон гузориш шудаст.

Мақомот мегӯянд, дар ин ҳамла дастикам 15  ҷангӣ ширкат дошт. Ҳамла ба пойгоҳи Меҳрон яке аз ҷиддитарин мавориди ҳамла ба таъсисоти низомии Покистон дар чанд соли охир дониста мешавад.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе ба ӯҳда нагирифтааст. Моҳе пеш дар Карочӣ як автобуси ҳомили маллоҳони артиши Покистон низ ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854