ГУСТАРИШИ МУНОСИБОТИ ҲАРБӢ-ТЕХНИКИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Масоили вобаста ба ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар мулоқоти роҳбарони низомии ин се кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, Қазоқистон Одилбек Ҷақсибеков ва Қирғизистон Абобилла Кудайбердиев баррасӣ гардид.
Аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ ба мухбири мо хабар доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо асосан масоили вобаста ба вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ, таъмини амният дар минтақа, боз ҳам густариш додани доираи васеи муносибатҳои самарабахши низомӣ ва дигар масоили марбут ба ҳамкориҳои ҳарбии вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба мӯътадил нигоҳ доштани оромиву субот дар минтақа изҳори назар карданд.
Дар мулоқот ҳамчунин қайд шуд, ки ҳамоҳангии доимӣ, табодули иттилоотиву таҷрибаомӯзӣ ва амалӣ намудани нақшаю дурнамо ва баррасии ҳама механизмҳои ҳамкорӣ дар доираи густариши муонсибатҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири бевосита мерасонад.
«Барои ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ривоҷу равнақи муносибатҳои низомӣ, ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар ҳайати созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ, боиси дастгирӣ буда, ҳама ҳадафҳои некбинонаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсиву низомӣ ва фарҳангии онҳо дар ҷаҳорчӯбаи муносибатҳои гуногун пайваста амалӣ мегарданд», -зикр гардид дар мулоқот.
Бо боварии тарафайн изҳори умед карда шуд, ки нақшаю дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳама самтҳои низомӣ таҳкиму тақвият ёфта, равобити дӯстӣ ва густариши дигар механизмҳои ҳамкориҳои самарбахш боз ҳам қавитар мегарданд.
Лутфия Эшонқулова, АМИТ «Ховар»