06:16:01 01-уми Июни 2025 сол

КОНСЕРТИ МУИН БИДУНИ ДУРБИН БАРГУЗОР ШУД

Рӯзи якшанбеи 22 май дар толори Кохи Борбади шаҳри Душанбе консерти Муин, овозхони маъруфи эронӣ баргузор шуд. Баргузоркунандаи ин консерт, ширкати мухобиротии мавсум ба “Тисел”-и Тоҷикистон аст.

Барои бори нахуст аст, ки консерти як овозхони саршиноси эронӣ дар Тоҷикистон бидуни дурбинҳои телевизиюн ва ё ҳатто аксбардорӣ баргузор шуд. Мубтакирони консерт гуфтанд, сабти телевизионӣ ва аксбардориро ба манзури “зиёд шудани тамошочиён” иҷоза надоданд.

Аммо бархеҳо бар ин ақидаанд, ки баргузоркунандагони консерт аз ин бим доштаанд, ки дар сурати иҷозаи сабт ва ё аксбардорӣ аз ҷараёни консерт, тамошочиёни зиёдеро аз кишвари исломии Эрон аз даст хоҳанд дод.

Дар ҳоле, ки арзиши расмии билетҳои консертӣ то 250 сомониро ташкил медод, толори Кохи Борбад пур аз тамошобин буд. Ба гуфтаи бархе аз шоҳидон, билетҳои дасти дуввум то 300 сомонӣ арзиш доштаанд. Гузашта аз ин масъулони Кохи Борбад таъдоди зиёде аз алоқамандонро бар ивази 100 сомонӣ ба толор роҳ дода ва барои онҳо курсиҳои изофӣ доданд.

Аммо бархеҳо гуфтанд, ки бар иловаи 100 сомонӣ, танҳо бар ивази 30 сомонӣ тавонистаанд аз кормандони “Кохи Борбад” барои нишастан курсӣ дарёфт кунанд. Аз сӯйи дигар тадобири амниятӣ дар ҷараёни консерт ба ҳадде будааст, ки бархе аз кормандони пулис нагузоштаанд, алоқамандон бирақсанд.

Танҳо пас аз ин, ки Муин овозхонии худро қатъ кард ва аз пулис дархост кардааст, монеъи рақси тамошочиён нашаванд, бархеҳо дар толор рақсидаанд. Муин ду соле қабл ба Точикистон сафари ҳунарӣ анҷом дода буд ва барномаи консертии ӯ аз тариқи шабакаҳои давлатии телевизиюни Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854