06:21:32 01-уми Июни 2025 сол

ҲАМЛА БА ЯК ПОЙГОҲИ НИЗОМӢ ДАР КАРОЧИИ ПОКИСТОН

Мардони мусаллаҳ ба як пойгоҳи муҳимми нерӯҳои дарёии артиши Покистон дар шаҳри Карочӣ ҳамла карда ва пас аз як даргирии хунин теъдоде аз низомиёнеро, ки баъзе аз онҳо чини ҳастанд, ба гаравгон гирифтанд.

 karachi_304x171_afp.jpg

Гузоришҳо ҳокист, ки ҳадди ақал шаш муҳоҷим ва панҷ сарбоз кушта ва теъдоде захмӣ шудаанд. Гурӯҳи пайкорҷӯйи “Толибони покистонӣ” масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтаанд. Як сухангӯйи ин гурӯҳ ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст: “Ин ҳамла интиқоми шаҳодати Усомо бин Лодин буд ва нишон медиҳад, ки мо ҳамчунон муттаҳид ва қудратмандем.”

Амрико мегӯяд, ки рӯзи дувуми май, тайи аламалиёте махфиёна Усомо бин Лодинро дар муҷтамаъи маскунии маҳалли иқоматаш, воқеъ дар 50 килуметрии Исломобод кушт. Ба гузориши хабарнигори Би-би-сӣ, муҳоҷимон якшанбешаб ҳудуди соъати даҳу ним ба вақти маҳаллӣ, ба “Пойгоҳи Меҳрон” нуфуз карданд ва бо оғози рӯзи душанбе, даргириҳо ҳамчунон идома дорад.

Теъдоди муҳоҷимон дасти кам 15 нафар бароварда шудааст. Гуфта мешавад, ки онҳо бо Ор-пи-ҷӣ ба чанд фарванд ҳавопаймои мустақар дар ин пойгоҳи ҳамла ва дастикам як фарванд ҳавопаймои сохти омрикоро нобуд кардаанд. Садои инфиҷорҳои зиёде дар дохили пойгоҳ шунида шудааст. Командоҳои артиш ва омбулонсҳо ба маҳалл эъзом шудаанд.

Мақомҳои покистонӣ мегӯянд, ки муҳоҷимон чанд нафарро ба гаравгон гирифтаанд, ки баъзе аз онҳо персурноли низомии чинӣ ҳастанд. Раҳмон Малик, вазири кишвари Покистон гуфт, ки муҳоҷимон дар яке аз сохтмонҳои ин пойгоҳ ба муҳосира дар омодаанд. Гурӯҳи "Толибони покистонӣ" ҳушдор дода буд, ки интиқоми кушта шудани Усомо бин Лодин, раҳбари Алқоидаро хоҳад гирифт.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854