06:13:49 01-уми Июни 2025 сол

БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР ҶУМХУРИИ ҚИРҒИЗСТОН CАФОРАТХОНА МЕКУШОЯД

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Уилям Хейг ифтитоҳи сафоратхонаи навбатии Британияи Кабирро дар Бишкек эълон намуд. Сафоратхона фаъолияти худро ба таҳкими рабовити сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи рушд равона месозад. Бахши раводид ва консулигарӣ бошад дар шаҳри Алматои Қазоқистон боқӣ хоҳад монд.

devid-moran.jpgСафири Британияи Кабир, ҷаноби Дэвид Моран, ин хабарро ба Президенти Ҷумхурии Қирғизистон хонум Роза Отунбаева расонид. Сафир Моран афзуд: «Ман хурсандам, ки Британияи Кабир дар шаҳри Бишкек сафоратхона мекушояд. Ин ҷонибдории моро аз таҳкими муосибатҳои дуҷониба бо Ҷумхурии Қирғизстон, дастгирии қатъии моро барои таъмини субот, мусолиҳа ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба манфиати тамоми мамлакат мебошанд, нишон медиҳад. Барномаи кӯмаки Британияи Кабир фаъолиятро дар самти беҳтар намудани идоракунӣ ва пешгирии низоъ идома хоҳад дод. Мавҷудияти сафоратхона ва сафири доимӣ ба ҳамаи ин кӯмаки калон мерасонад».

Кушодашавии сафоратхонаи Британияи Кабир дар Қирғизстон идомаи рушди равобити Бритонияро бо минтақаи Осиёи Марказӣ нишон медиҳад.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854