12:53:34 01-уми Июли 2025 сол

ПАРВАНДАИ НАВ. БОЗ 7 ПАЙРАВИ ХУДОЙБЕРДИЕВ

Парвандаи пурсарусадои 7 гумонбар ба узвияти гурӯҳи сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев ба дасти додгоҳи вилояти Хатлон расидааст. Тавре, ки ба радиои Озодӣ аз додситонии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ин парвандаи ҷиноӣ чаҳор моҳи ахир мавриди тафтиш қарор дошта, ҳамакнун барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шуд.

sudi-khatlon-74455.jpgБа иддаои додситонӣ, ин ҳафт нафари муттаҳам, ки моҳи январи соли ҷорӣ боздошт шуда буданд, дар гузашта аз тарафдорони Ёқуб Салимов, аз фармондеҳони собиқи Фронти халқӣ ва вазири пешини корҳои дохилии кишвар будаанд, ки ҳоло дар зиндон ба сар мебарад.

Дар парвандаи ҷиноятӣ омадааст, ки «ин ҳафт нафар аз зумраи 35 сокини ҷавони маҳаллӣ будааст, ки дар соли 1998 ба Узбакистон рафта, он ҷо ба иттиҳоди ҷиноятии созмондодаи Худойбердиев М. шомил мешаванд. Онҳо тахминан охирҳои моҳи марти соли 1998 ба Давлати Исломии Афғонистон бо ҳамроҳии 800 нафар аз минтақаи Хайратони вилояти Сурхандарёи Узбекистон ба воситаи қаиқҳо гузашта, бо сарварии Худойбердиев Маҳмуд, Сергей Зваригин ва Абдурасулов Анвар дар бошишгоҳи ҳарбии генерали афғон Дустум муддати 5 моҳ машқҳои тактикию ҷангиро меомӯзанд.

…Шаби 3 ба 4-уми ноябри соли 1998, ин гурӯҳ аз тарафи Худойбердиев М. ва Дӯстов Н. бо яроқҳои оташфишон муҷаҳҳазонида шуда, тахминан соатҳои 2 ба 3-и шаб ба вилояти Суғди Тоҷикистон бо мақсади ғасби ҳокимият ҳуҷуми мусаллаҳона карда, тахминан муддати 3 шабонарӯз ҳамаи иншоот ва идораҳои дорои аҳамияти стратегӣ доштаи ин минтақаи ҷумҳуриро зери назорати худ қарор медиҳанд. Ин гурӯҳи ҷиноятпешаи яроқдор бинои ШКД-и ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғдро ғасб намуда, дар даромадгоҳи ноҳияи Айнии вилояти Суғд дидбонгоҳи ғайриқонунӣ ташкил дода, ба қувваҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқобилияти мусаллаҳона нишон медиҳанд…»

Афроди муттаҳам бар асоси шаш банди кодекси ҷиноии кишвар муттаҳам дониста мешаванд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ