ГУРӮҲИ АҲМАДОВ МУНТАЗИРИ ФАРМОНИ ИСТИХДОМ ДАР ПУЛИС
Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҷонибдоронаш барои истихдом дар пулиси Тоҷикистон дубора даъват шуда ва мунтазири фармонҳои интисоби худ ҳастанд. Олим Одилов, яке аз наздикони оқои Аҳмадов, рӯзи панҷшанбеи 26 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран аъзои ин гурӯҳ бо пешниҳоди мақомоти пулис асноди зарурӣ барои кор дар ниҳодҳои интизомиро ба мақомот таҳвил дода ва аз муъоянаи пизишкӣ низ гузаштаанд.
Вай афзуд, ки чунин пешниҳод дар дидори ҷонибдорони гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов бо бархе аз мақомоти пулиси Тоҷикистон ироа шудааст. Вай афзуд: “Ҳоло мо мунтазирем, ки фармонҳои интисоби мо ба суфуфи пулис содир шавад ва мо омода ҳастем фаъолиятро оғоз кунем. Вале бидуни ин амр низ тақрибан ҳамарӯза бо ниҳодҳои интизомӣ дар иртибот ҳастем.”
Оқои Одилов ҳамчунин хабар дод, ки ба ҷуз аз ҷонибдорони гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов, бархе аз афроди дигар аз минтақаи Рашт низ, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ дар суфуфи нерӯҳои мухолифони давлати Тоҷикистон ҷангидаанд, барои хидмат дар пулис даъват шудаанд. Ба гуфтаи оқои Одилов, бахши пулиси Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, ки авохири соли гузашта таъсис шуда буд, ба кодрҳои ҳирфаӣ ниёз дорад ва ба ин далел, нафароне, ки дар гузашта таҷрубаи хидмат дар ниҳодҳои интизомӣ ва амниятиро доранд, аз салоҳияти кор дар ин ниҳод бархурдоранд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло мадорики ҷонибдорони Мирзохӯҷа Аҳмадов барои истихдом дар суфуфи пулис мавриди омӯзиши раёсати кодрҳои ин вазоратхона қарор дорад. Вай афзуд, ки наҳваи истихдом ба ниҳодҳои интизомӣ ба ин тартиб аст, ки мадорики довталабон барои кор дар пулис мавриди таҳқиқ қарор мегирад ва дар сурати ошкор нашудани навоқисе фармони ба кор оғоз кардани онҳо содир мешавад.
Зимнан, Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, чанде пеш дар як нишасти матбуъотӣ гуфта буд, ки бозрасон даст доштани Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҷонибдоронаш дар ҳаводиси пойизи соли гузашта дар минтақаи Раштро баррасӣ хоҳанд кард ва “агар ӯ гунаҳгор бошад, ҳатман муҷозот хоҳад шуд.”
Дар тирамоҳи соли гузашта давлати Тоҷикистон Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба даст доштан дар ҳамлаи пайкорҷӯён ба комюнҳои вазорати дифоъ дар дараи Камароб, ки дастикам 26 нафар кушта бар ҷой гузошт, муттаҳам кара буд. Он замон барои боздошти оқои Аҳмадов иқдоме низ сурат гирифт, ки дар пайи он манзили маскунии вай дар маркази ноҳияи Рашт хароб шуд. Вале Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҷонибдоронаш ба манотиқи кӯҳистонӣ фирор карданд.
Аммо баъд аз як моҳи даргириҳо дар водии Рашт, мақомоти интизомӣ, низомӣ ва амниятии Тоҷикистон бо Мирзохӯҷа Аҳмадов мулоқот анҷом доданд, ки дар натиҷа, оқои Аҳмадов ва ҷонибдоронаш тасмим гирифтанд ба амалиёти ниҳодҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи “Мулло Абдуллоҳ” мусоъидат кунанд.
Он замон сару садоҳое паҳн шуда буд, ки мулоқоти оқои Аҳмадов бо мақомоти тоҷик бо миёнҷигарии Шоҳ Искандаров, аз фармондеҳони саршиноси нерӯҳои мухолифи давлат дар замони ҷангӣ дохилӣ, баргузор шудааст. Зимнан, оқои Искандаров дар авоили соли ҷорӣ ба симати муъовини раиси бахши пулис дар минтақаи Рашт интисоб шуд.
Аммо, Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки низ дар гузашта аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифи давлат буд, баъд аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997, муддате симати раиси бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи пулис дар минтақаи Раштро ба ӯҳда дошт. Дар моҳи феврали соли 2008 дар маркази ноҳияи Рашт миёни ҷонибдорони оқои Аҳмадов ва Олег Захарченко, фармондеҳи ОМОН ё нерӯи вижаи пулиси Тоҷикистон даргирие рух дод, ки дар он оқои Захарченко кушта шуд.
Бархе аз мақомоти вақти Тоҷикистон оқои Аҳмадовро дар ин ҳодиса муқассир донистанд. Вале тирамоҳи он сол Президент Раҳмон зимни дидораш аз ноҳияи Рашт бо Мирзохӯҷа Аҳмадов мулоқот кард ва эълом дошт, ки дар сурати таслими силоҳҳои ғайриқонунӣ оқои Аҳмадов ва ҷонибдоронаш афв хоҳанд шуд. Он замон бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи пулиси Тоҷикистон дар минтақаи Рашт мансух шуд ва Мирхохӯҷа Аҳмадов ва ҳамроҳонаш, ба гуфтаи худи онҳо, муддате ба кишоварзӣ машғул буданд.
Би-Би-Си