16:45:19 02-уми Июни 2025 сол

ДАРГУЗАШТИ РАИСИҶУМҲУРИ АБХОЗИСТОН ДАР МАСКАВ

Сергей Багапш, раҳбари ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон дар яке аз бемористонҳои Маскав аз дунё даргузаштааст. Бахши русии Радиои Озодӣ мегӯяд, Сергей Багапши 62-сола рӯзи 21-уми майи соли ҷорӣ ҷарроҳӣ шуда буд.

Сергей Багапш

Ҳарчанд табибон гуфтаанд, Багапш ҷарроҳиро муваффақона пушти сар кардааст, вале пас аз чанд рӯз вазъи сиҳҳати ӯ бад шуда, субҳи рӯзи 29-уми май дунёро падруд мегӯяд. Сергей Багапш рӯзи 4-уми марти 1949 дар Сухуми зода шуда, Донишкадаи Гурҷистонро бо ихтисоси агроном хатм кардааст. Ӯ дар моҳи январи соли 2005 дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Абхозистон пирӯз шуда, то лаҳзаи маргаш ин масъулиятро бар дӯш дошт.

Маросими видоъ бо раҳбари ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон, ки ҳамеша таҳти ҳимояти ошкорои Маскав қарор доштааст, рӯзи душанбеи 30-юми май дар пойтахти Русия баргузор хоҳад шуд. Аммо гуфта мешавад, ҷасади ӯро дар зодгоҳаш, дар Абхозистон, ба хок месупоранд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хабаргузориҳо, Александр Анкваб муваққатан масъулияти раисиҷумҳури Абхозистонро ба ӯҳда гирифтааст. Интихоботи нави президентӣ дар Абхозистон пас аз се моҳ баргузор хоҳад шуд.

Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ дар ибтидои солҳои 1990 аз Гурҷистон ҷудо шуда, ҳамеша аз пуштибонии ошкорои Маскав бархӯрдор буданд. Вале то моҳи августи соли 2008 Русия истиқлолияти онҳоро эътироф накарда буд.

Соли 2008, баъд аз аз ҷанги панҷрӯза бо Гурҷистон барои Осетияи Ҷанубӣ Маскав эълом дошт, ки ҳарду минтақаро ба ҳайси давлатҳои мустақил эътироф мекунад. Мақомоти олии Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ инро ҳам рад накардаанд, ки метавонанд, рӯзе ба бахшҳои Русия табдил ёбанд. Аммо Гурҷистон Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро бахшҳои ҷудоинопазири худ медонад, ки муваққат дар ишғоли нерӯҳои Русия қарор доранд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854