00:53:18 03-уми Июни 2025 сол

САФАРИ РАСМИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА АВСТРИЯ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳукумат ва соҳибкорони Австрияро ба ширкат дар тарҳҳои энержии кишвараш даъват кард.

avstria_1.jpgЗимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Австрия имрӯз миёни ду кишвар созишнома дар бораи ҷилавгирӣ аз молиётбандии дутарафа имзо шуд. Бино ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ аз Вена, Дар ҷараёни ин сафар, Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳайнз Фишер раиси ҷумҳури Австрия доир ба тақвияти ҳамкориҳо гуфтӯгу кард.

avstria_2.jpgҲайатҳои ду тараф дар мавриди афзоиши сармоягузории Австрия ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон ба мувофиқаи пешакӣ расидаанд. То кунун Австрия дар чаҳорчӯби бонкҳои сармоягузори аврупоӣ барои бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна дар Тоҷикистон 69 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

avstria_3.jpgДар нишасти хабарии муштараки президентҳои Тоҷикистон ва Австрия созишҳои дуҷонибаи густариши равобит муаррифӣ шуданд. Хабарнигорон ҳамчунин аз вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон ва марзҳои он бо Афғонистон, танқиди созмонҳои байнулмилалӣ роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дурнамои тарҳҳои обу энержии ин кишвар пурсон шуданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, қарор аст, пас аз сухан дар порлумони Австрия имрӯз аз чанд нерӯгоҳи пешрафтаи барқи обӣ дар Австрия дидан кунад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854