МУАССИСИ РАДИОИ “ВАТАН” БА 9 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Далер Амонов, муассиси радиои “Ватан” ва ширкати “Арзон-мобайл”-ро ба 9 соли зиндон маҳкум кардааст. Оқои Амоновро додгоҳ рӯзи ҷумъаи гузашта (3 июн) бар асоси чанд банди қонуни ҷазои Тоҷикистон, аз ҷумла дар қаллобӣ, тасарруфи амвол ва сӯиистифода аз мақоми хидматӣ муҷрим шинохтааст.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҳабибулло Ташрипов, як масъули собиқи Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистонро, ки ба иртикоби ҷароиме мушобеҳ муттаҳам шуда буд, танҳо 61 ҳазор сомонӣ ҷарима кард ва ӯ аз толори додгоҳ озод шуд. Манобеъи додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи чаҳоршанбеи 8 июн ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки қонуни ҷазои Тоҷикистон ин имконро фароҳам кардааст, ки Далер Амонов низ бо пардохти ҷарима ва ғаромат аз зиндон озод шавад.
Вале тибқи қонун, қабл аз ин оқои Амонов боистӣ хисороти ворида ба шахсони гуногунеро ҷуброн кунад. Дар маҷмӯъ, Далер Амонов ба тасарруфи 1,5 то 2,5 милюн дулор аз афроди гуногун муттаҳам шуда буд, вале дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ бархе аз муддаъиён баъд аз дарёфти маболиғи худ, аз даъво алайҳи ӯ даст кашидаанд.
Бо ин вуҷуд, манобеъи додгоҳӣ гуфтанд, ки оқои Амонов ҳудуди як милюн дулор зиёни ворида ба бархе афродро то ҳол ҷуброн накарда ва додгоҳ тибқи қонун, ӯро ба нӯҳ соли зиндон ва мусодираи амвол маҳкум кардааст. Дар ҳамин ҳол, вукалои мудофеъи Далер Амонов эълом карданд, ки аз ин ҳукми қозӣ ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳанд бурд.
Зимнан, тибқи мусаввабаи додгоҳ, иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Амонов ба фаъолияти вай дар симати раиси ширкати хусусии “Арзон-мобайл” иртибот дошта ва бо фаъолияти радиои “Ватан” рабте надоштааст. Шояд ба ин далел аст, ки аз замони боздошти Далер Амонов дар тирамоҳи соли гузашта ҳеҷ як аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорони Тоҷикистон ба ин қазия таваҷҷӯҳ накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар гузашта мавориде низ буд, ки ин созмонҳо аз хабарнигороне ҳам пуштибонӣ мекараданд, ки иттиҳомоти матрӯҳа алайҳи онон ба фаъолияти рӯзноманигорияшон ҳеч иртиботе надоштааст. Дар ҳамин ҳол, радиои “Ватан”, ки Далер Амонов муассиси он буда ва 51 дарсади саҳомашро дар ихтиёр дорад, ба фаъолияти худ идома медиҳад ва ба гуфтаи Вера Кулакова, раиси ин шабака, ин родию иҷрои тарҳҳои ҷадидеро рӯйи даст гирифтааст.
Ба гуфтаи вай, ҳоло 49 дарсади саҳоми радиои “Ватан” ба модари ӯ мутаъаллиқ аст, вале чанд сол пеш Далер Амонов бидуни ризояти вай саҳоми ин родиюро дар ивази дарёфти вом дар “Агроинвестбонк” ба гарав гузоштааст. Дар гузашта хонуми Кулакова иддаъо дошт, ки қасд дорад баъд аз анҷоми қазияи додгоҳии Далер Амонов ӯро дубора ба додгоҳ бикашад ва моликияти худро ҳифз кунад.
Би-Би-Си