02:03:20 03-уми Июни 2025 сол

КЛИНТОН: БАШОР АСАД НАМЕТАВОНАД ТАҒИРОТРО БОЗДОРАД

Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико ба Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ҳушдор дод, ки аз аз ҳар гуна хушунат даст бардорад. СММ низ аз режими Сурия хост, ки “ҳамла ба мардуми худро боздорад”.

Хонум Клинтон зимни суханони худ дар поёни мулоқоти марбут ба масоили Либия дар Абудабӣ гуфт, Асад наметавонад аз тағироте, ки мардум мехоҳанд, ҷилавгирӣ кунад: “Мо бо муттаҳидони худ дар ҷомеаи байналмиллалӣ кор мекунем, то ба ин хушунат хотима диҳем ва аз ислоҳоти сиёсисву иқтисодӣ ҳимоят кунем. Президент Асад мехоҳад ин тағироти идомадошта дар Сурияро ба таъхир андозад, вале наметавонад онро боздорад”.

Вазири хориҷаи Фаронса ва Кумиссари Олии СММ дар умури ҳуқуқи башар низ режими Башор асадро барои куштори мардум муттаҳам карданд. Ҳоло дар Сурия бештар аз 1 000 нафар кушта, беш аз 10 000 нафари дигар боздошт шудаанд. 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854