БОЗДИДИ Э. РАҲМОН АЗ МАҶОРИСТОН ОҒОЗ МЕШАВАД
Имрӯз боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Маҷористон оғоз мешавад.
Вай дирӯз дар Люксембург бо муҳоҷирони тоҷики муқими баъзе кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Голландияву Белгия ва Люксембург мулоқот ва соҳибкорони тоҷикро ба ҳамкорӣ даъват кард. Оқои Раҳмон ҳамчунин бо Анри Албер Габриэл Феликс Мари-герцоги Люксембург мулоқот ва масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ кард.
10-уми июн дар Люксембург бо Бонки Аврупоии Рушду Бозсозӣ мулоқот анҷом мегирад ва дар он ҷо масъалаи сармоягузории ин бонк дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Қарор аст раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни боздиди дурӯза аз Маҷористон бо раҳбарони ин кишвар масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кунанд.