02:04:24 03-уми Июни 2025 сол

ЭЪТИРОЗИ ГУЛРУХСОР БА ЯК СОЙТИ ХАБАРИИ АФҒОНИСТОН

Гулрухсор Сафӣ, шоири саршиноси тоҷик нисбат ба мақолае, ки дар яке аз сойтҳои хабарии Афғонистон дар бораи вай чоп шудааст, ибрози нигаронӣ кардааст. Ин сойт ахиран гузориш кардааст, ки Гулрухсор Сафӣ, шоираи маъруфи тоҷик, аз Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва сафорати ин кишвар дар Кобул хостааст, ки ба Саид Махдум Раҳин, вазири фарҳанги Афғонистон иҷозаи вуруд ба Тоҷикистон надиҳанд.

gulrukhsor_sofi12212.jpgАммо хонуми Сафӣ рӯзи нӯҳуми июн бо пахши изҳороте ин хабарро такзиб кард ва гуфт, ки вай вазири фарҳанги Афғонистонро аз наздик намешиносад ва ҳеч далеле ҳам надорад, ки аз вазорат бихоҳад, то ба оқои Раҳин иҷозаи вуруд ба Тоҷикистон надиҳад.

Вай дар изҳороти худ аз ҷумла мегӯяд: “Ман дар бораи ин мақола тавассути хабарнигрони дигар тавассути телефун огоҳ шудам ва вақте шунидам аз қавли ман чи гуфта шудааст, шокӣ шудам. Ба як шоъир дар як гӯшаи дунё, ки ба кори худаш машғул аст ва аҳли сиёсат ва аҳли мансабу курсиву чавкӣ нест, чунин тӯҳмат задан беинсофист.”

“Ман қатъиян изҳор мекунам, ки ҳеҷ вақт дар ҳеҷ мавриде ба ҳеҷ сойте чунин ҳарфҳоро нагуфтам. Ин тӯҳмати маҳз аст, кори бисёр носавоб аст ва метавонад муҷозот шавад. Аммо ман аҳли додгоҳбозиҳо нестам.”

Хонум Гулрухсор дар изҳороти худ меафзояд: “Аз ин сойти “Бенаво” хоҳиш мекунам, ки минбаъд ба шоъирон тӯҳмат назананд, шоъиронро сари теғ накунанд, мо бе ин ҳам зиндагимон сахт аст, зери ин чарх.”

Хонум Гулрухсор мегӯяд, шояд ин гузориш ангезаҳои сиёсӣ дошта бошад. ва мегӯяд, ки ба ин хотир ба ёди мисроъҳое уфтодааст, ки ба Садриддин Айнӣ гуфтааст:

Мазан худро, ки ҷони мо намонда,

Зи хуни мо ба ҷуз сафро намонда,

Барои зарбаи дигар бародар,

Дигар дар пушти Айнӣ ҷо намонда

Гулрухсор мегӯяд: “Дигар дар пушти Афғон ҷо намондаст... Дигар ба пушти ҳамдигар зарба назанед, шумо бояд ба якдигар кумак кунед, ки ба Афғонистони ситамдида сулҳ биояд.”

Дар ҳамин ҳол Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳеҷ гуна мактуб ё дархосте бо мӯҳтавое, ки дар гузориши зикршуда аз қавли Гулрухсор омадааст, дарёфт накардааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854