ОЗОДИ ДУ КӮДАК АЗ АСОРАТИ ҚОЧОҚБАРОНИ АФҒОН
Ду тан аз кӯдакони сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, Фаридун ва Сангимад Сангмадовҳо, ки аз тарафи шаҳрвандони Афғонистон 10 рӯз пеш рабуда шуда буданд, озод карда шудаанд.
Ба гуфтаи падари кӯдакон Наҷмиддин Сангмадов, афғонҳо кӯдаконашро, ки яке 13 ва дигарӣ 15 сол доранд, аз пушти ҳавлиашон рабуда, пас аз он ба ӯ занг зада дар ивази бозпас гардонданашон маблағи 40 ҳазор дулор талаб кардаанд. Волидон аз пардохти ин маблағ оҷиз будаанд. Оқои Сангмадов мегӯяд: “Чун мо дар ин масъала беъилоҷ будем, пас аз дахолати мақомоти амниятии кишвар фарзандонамон озод карда шуданд”.
Наҷмиддин Сангмадов афзуд, ки аз рӯзи рабуда шудан фарзандонашро надидааст ва алҳол, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҳастанд, тараддуди дидор бо эшонро дорад. Ба гуфтаи мақомот, як нафар ва ба гуфтаи сокинон ду нафар аз гаравгонҳо аз ноҳияи Шӯрообод, ки наздик ба ноҳияи Ҳамадонист, то кунун дар ҳудуди Афғонистон ба сар мебаранд.
Соли гузашта гузориш шуда буд, ки қочоқбарони афғон Баҳриддин Одинаев ном як сокини ноҳияи Ҳамадониро дар ҳудуди ин ноҳия куштаанд. Ин қочоқбарон зимни сӯҳбат бо нафароне, ки дар теппаҳо писта мечиданд, гуфтаанд, ки Баҳридин маблағи 18 ҳазор дулор ба онҳо қарздор будааст.
Би-Би-Си