14:10:45 01-уми Июни 2025 сол

МАҲРУМИЯТИ 103 СУДЯ АЗ ДАРАҶАИ ТАХАССУСӢ

Ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии судяҳо, беҳтар намудани сиёсати кадрӣ, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо боназардошти дараҷаи тахассусӣ ва сифатҳои шахсии судяҳо  Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ тадбирҳои амалӣ андешида, вобаста ба сифатҳои корӣ ва фаъолияти касбии судяҳо ба коллегияи тахассусии назди Шӯрои адлия ҷиҳати имконпазирии додани дараҷаҳои тахассусӣ ба 162 нафар судяҳо пешниҳоди худро ирсол намуд.

Раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов иттилоъ дод, ки аз ҷумла, 11 нафар судяҳо ба дараҷаи якуми тахассус, 11 нафар ба дараҷаи дуюм, 15 нафар ба дараҷаи сеюм, 36 нафар ба дараҷаи чорум ва 82 нафар ба дараҷаи панҷуми тахассус пешниҳод гардиданд. Бинобар сабаби дар фаъолияти кориашон ба камбудиҳо роҳ додан ва дуруст ба роҳ намондани назорат аз болои кормандони худ 103 нафар судяҳо аз гирифтани дараҷаҳои тахассусӣ маҳрум шуданд.

Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854