02:18:51 03-уми Июни 2025 сол

ҲАЙАТИ БОНФУЗИ САУДӢ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Як ҳайати бонуфузи Арабистони Саудӣ рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон ташриф меорад»,- иттилоъ дод сафири ин кишвар дар Душанбе Бандар Муҳаммад Ҷамил Маҳмуд дар мулоқот бо Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев.

Дипломати саудӣ афзуд, ки ҳайат аз роҳбарони ширкатҳои туристии Арабистони Саудӣ ва тоҷирон иборат буда, ҳадафи сафарашон ба Тоҷикистон шиносоӣ бо захираю дастовардҳои сайёҳӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳони саудӣ ба кишвари афсонавии Тоҷикистон аст. Мавсуф, ҳамзамон таъкид кард, ки ташрифи ин ҳайти бонуфуз ба Тоҷикистон ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ нақши муасссир мегузорад.

Бояд тазаккур дод, ки тӯли солҳои охир бо ифтитоҳи намояндагиҳои дипломатии ҳар ду кишвар дар пойтахтҳои давлатҳои ҳамдигар – Душанбе ва Ал-Риёз - дар муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ саҳифаи нав боз шуд, ки он шаҳодати тавсеа ва густариши дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду давлат аст.

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854