01:55:50 03-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ Қ. РАСУЛЗОДА БО АҲОЛИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

10 июн раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар арафаи ҷашни умумиҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мулоқот намуд.

rasulzoda565566.jpgНахуст Қоҳир Расулзода суханронӣ намуда, фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, қарору қонунҳои амалкунанда, Барномаҳои мухталифи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа таҳлил намуда, вазъи омодагии мардуми ноҳияро ба таҷлили ҷашни бузурги 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини нақшаҳои истеҳсолӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз ин мулоқот таҳкими робитаҳои мақомоти давлатӣ бо ҷомеа, ҳалли масоили иҷтимоии шаҳрвандон, баррасӣ намудани арзу дархости мардум мебошад.

Гуфтанист, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат  «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд барои солҳои 2008 - 2015», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, қабул гардид.

Дар ин давра ҷиҳати таъмини иҷроиши самтҳои асосии ин барнома 6 526  ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла 5 351 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 1 175 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ маблағгузорӣ  гардидаанд.

Ғайр аз ин, дар давоми солҳои 2008 - 2010 барои рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустии ноҳия берун аз барнома аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 1 миллиону 570 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар суханронии худ натиҷаҳои қабули шаҳрвандон, вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ, бахусус таъминот бо оби полезӣ, истифодаи оқилонаи замин, таъмири роҳҳо, корҳои ободониро дар ноҳия мавриди  таҳлили амиқ қарор дода, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бекназари Абӯбакр, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854