МУЛОҚОТИ Ш. ЗУҲУРОВ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КОРЕЯ
Дар Сеул мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ким Сунг Хван, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.
Ш. Зуҳуров изҳор дошт, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Корея дар ҳоли рушд қарор дошта, ба марҳилаи сифатан нав ворид шудааст ва чунин ранг гирифтани раванди ҳамкориҳо барои тақвияти муносиботи дуҷониба дар тамоми соҳаҳо мусоидат мекунад.
Мавсуф гуфт, ки: «мо бояд танҳо ба рушди ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодиву тиҷоратӣ маҳдуд нагардем, балки риштаи равобитро ҳамзамон ба самти ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ моил созем. Зеро, робитаҳои фарҳангӣ метавонад Тоҷикистону Кореяро ҳарчи бештар ба мардумони кишварҳои ҳамдигар муаррифӣ намояд. Ташкил намудани рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Корея ва рӯзҳои фарҳанги Корея дар Тоҷикистон барои ошноии бештари халқу миллатҳои ду кишвар аз фарҳангу тамаддуни ҳамдигар мусоидат мекунад».
Сардори идораи сиёсати хориҷии Корея нахустин сафари Шукурҷон Зуҳуровро ба ин кишвар фоли нек дар тавсеаи робитаҳои Душанбею Сеул арзёбӣ намуд. Мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот, ҳамзамон авзои минтақа ва ҷаҳон, тавсеаи равобит байни ниҳодҳои гуногуни давлатӣ, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, терроризм, ифротгароӣ ва соири масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»