СЕЛ ДАР ВОДИИ РАШТ ЯК КУШТА ДОД
Борандагии шадид талафоти ҷонӣ ва хисороти сангини иқтисодиро дар пай доштааст. Бар асари ҷорӣ шудани сел дар ноҳияи Рашт Саидхоҷа Толибов, пулиси роҳи ин ноҳия кушта шудааст.
Бино ба иттилоъи Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, соъати 19:30 шоми рӯзи якшанбеи 12 июн оқои Толибов ба ҳангоми ҳаракат бо утумубил дар масири Рашт-Навобод бо ҷараёни сел бархурд карда ва ба рудхонаи Сурхоб сарозер шудааст. Ин манбаъ гуфт, ҳамакнун ҷасади Саидхоҷа Толибов кашф гардида ва ба наздиконаш таҳвил дода шудааст. Ҳамчунин, бориши сел ва ва жолаи рӯзи 12 июн дар вилоёти Суғду Хатлон ва Бадахшон хисороти сангини иқтисодиро дар пай доштааст.
Ба гуфтаи Нигора Солиева, корманди дафтари матбуъотии Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, дар рустоҳои Понғоз, Саро, Бободархон ва Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар натиҷаи ҷорӣ шудани сел 86 манзили маскунӣ, 500 метр хатти барқ, 11 килуметр роҳи мошингард ва як пул хароб гардидааст.
Хонуми Солиева гуфт, борандагии шадид ва сел ба шаҳру навоҳии Панҷакент, Қайроққум, Шаҳристон ва Ғончии ин вилоят хисороти ҷиддии иқтисодӣ ворид кардааст. Дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон ва Ёвони вилояти Хатлон низ бар асари бориши сел ва тӯфон беш аз 80 манзили маскунӣ ва як мактаби ҳамагонӣ осеб дидаанд.
Зимнан, тибқи иттилоъи Кумитаи вазъияти фавқулоддаи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ борандагии шадид ва ҷорӣ шудани сел дар манотиқи мухталифи ин кишвар талафоти ҷонӣ ва хисороти сангини иқтисодӣ бар ҷой гузоштааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар моҳи гузашта дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бар асари ҷорӣ шудани сел се нафар ҷонҳои худро аз даст дода буданд. Дар соли гузашта сел ва обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб ва манотиқи дигари Тоҷикистон мунҷар ба кушта шудани беш аз 50 нафар ва мавқудуласар шудани 30 нафар шуда буд.
Би-Би-Си