ПАНҶ НИЗОМИИ РУСИЯ ДАР ДОҒИСТОН КУШТА ШУДАНД
Панҷ маъмури нерӯҳои амниятии Русия дар ҷараёни амалиёте густарда алайҳи пайкорҷӯёни исломӣ дар ҷумҳурии Доғистон дар Қафқози Шимолӣ кушта шудаанд.
Гузориш мешавад ки ду пайкорҷӯ низ дар ҷараёни даргирии нерӯҳои Русия, ки аз чархболҳо истифода мекарданд, бо як гурӯҳи мусаллаҳ дар як минтақаи ҷангалӣ кушта шудаанд.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар Маскав мегӯяд задухурдҳо миёни нерӯҳои амниятӣ ва пайкорҷӯёни исломӣ дар Доғистон тақрибан ҳамарӯза иттифоқ меафтад, аммо талафоти даргирии ахир ба нисбати даргириҳои қаблӣ зиёд аст.