21:31:22 01-уми Июли 2025 сол

МУБОРИЗАИ ЗИДДИ ҚОЧОҚИ МАВОБИ МУХАДДИР

Бино ба иттилои корманди Агентии зидди маводи мухаддир дар вилояти Хатлон Муслиҳиддин Мардонов, ду гурӯҳи созмонёфтаи қочоқбар, ки аз шаҳрвандони Афғонистону Тоҷикистон ташкил ёфта буд, дастгир гардид. 

Мубориза барои дастгир намудани  гурӯҳи дигари қочоқбар, ки дар қаламрави вилояти Хатлон амал мекунад, идома дорад. Баъзан бо қочоқбарон нафароне аз кормандони ниҳодҳои қудратӣ низ даст доранд. Соли гузашта суди ҳарбии вилояти Хатлон ду афсари нерӯҳои марзбониро барои ҳамдастӣ ба гурӯҳи трансмилии қочоқбар ба  муддати  12 ва 17 сол аз озодӣ маҳрум сохт.

Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ