02:27:53 16-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ШИРИН БУНЁД АЗ ДУНЁ ДАРГУЗАШТ

Шоир- вассофи кӯҳистон ва раиси адибони Бадахшон Ширин Бунёд аз дунё даргузашт. Шоми рӯзи 3-юми июни соли ҷорӣ устод Ширин пас аз чанд моҳ бистарӣ буданаш дар хонаи худ ҷон ба Ҳақ супурд. Хонаи ӯ дар деҳаи Хидорҷеви ноҳияи Роштқалъа аз хешону наздикон, ёрону қарибон ва шоирону адибони Бадахшон пур буд. Дар маъракаи дафни ӯ қариб ҳамаи ҳамқаламонаш дар Бадахшон ширкат дошта, бо шоир падруд гуфтанд.

shirin-bunyod_1.jpgШирин Бунёд 14-уми декабри соли 1941 дар деҳаи Риҷисти  ноҳияи Шуғнон (ҳоло ноҳияи Роштқалъа) рӯ ба олами ҳастӣ овардааст. Баъд аз хатми мактаби миёна ӯ дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникии шаҳри Хоруғ чанд муддат ба ҳайси устои дастгоҳи барқӣ кор кардааст. Аз соли 1968 ҳамчун донишҷӯи факултаи филологияи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон омӯзиши илмро идома дода, баъди хатм Донишгоҳ дар соли 1973 ҷонишини директори театри мусиқӣ-мазҳакавии Хоруғ таъйин мешавад.

Баъдтар ҳамчун мудири шӯъбаи маориф ва маданияти рӯзномаи «Бадахшони Советӣ», раиси кумитаи радио ва телевизиони вилоят адои вазифа намуда, солҳои тулонӣ котиби матбуотии раиси вилоят ва баъдан устоди Донишгоҳи Давлатии Хоруғ шуда кор кардааст. Дар баробари ин Ширин Бунёд вазифаҳои ҷамъиятии роҳбари маҳфили «Адибони Бадахшон», раиси кумитаи вилоятии муҳофизати сулҳ, раиси ҷамъияти «Китобдӯстон»-и вилоятро низ бунёдкорона адо кардааст.

Аммо  тоҷикистониён Ширин Бунёдро пеш аз ҳама ҳамчун шоир ва нависанда мешиносанд. Устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ боре дар бораи Ширин Бунёд гуфта буд: «…Дар ҳақиқат нияти Ширин пок ва шоирона аст. Мо ҳам аз ӯ дар ҷодаи шоирӣ умеди зиёд дорем… аз Ширин Бунёд умедворем, ки паи ҳам шеърҳои обдору намакин эҷод мекунд, бо китобҳои худ ҳаводорони назми моро хурсанд месозад». 

Дар ҳақиқат, шеърҳои Ширин Бунёд ширину бунёдкор буданд. Мардум аз онҳо лаззати эстетикӣ мебурданду ба ҳаёти бошарафона рӯҳбаланд мешуданд. Маҷмӯаҳои шеърҳои ӯ бо номҳои «Бомдод» ва «Зартеғ» мақбули хонандагони сершумораш гардидаанд.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi