ДУ ИНФИҶОР ДАР ИРОҚ ТАЛАФОТИ САНГИНЕРО БАР ҶОЙ ГУЗОШТААСТ
Вуқӯъи ду инфиҷори ҷудогона дар шаҳри Тоҷӣ, воқеъ дар ҳудуди бисткилуметрии шимоли Бағдод, дастикам бисту ҳафт кушта ва дастикам панҷоҳ захмӣ бар ҷой гузоштааст.
Муъовини Вазорати беҳдории Ироқ ба хабаргузории "Руйтерз" гуфтааст, ки ин инфиҷорҳо дар наздикии як сохтмони давлатӣ рӯй дод ва бар асоси бархе гузоришҳо, омили инфиҷори аввал як утумубили бумбгузоришуда буд. Ин утумубил ҳангоме мунфаҷир шуд, ки даҳҳо тан аз муроҷеъон ва кормандони ин идораи давлатӣ дар маҳал ҳузур доштанд.
Би-Би-Си