21:43:35 01-уми Июли 2025 сол

МАРЗБОНОНИ ШӮРООБОД ВАКИЛОНИ МАҶЛИСРО ЛАТУ КӮБ КАРДАНД

Се афсари дорои рутбаи майори воҳидҳои марзбонии Тоҷикистон дар Шӯрообод, панҷ сокини ин минтақа, аз ҷумла ду вакили маҷлисро лату кӯб карданд. Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба ин се афсари Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

 shoraabad_borde5554441.jpg

Додситонии ноҳияи Шӯрообод ва додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб ин иттилоъро таъйид карданд. Ба гуфтаи манобеъи додситонии ноҳия, рӯзи душанбеи 5-уми июл додситонӣ ин парвандаро барои баррасӣ ба додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб ирсол кардааст. Тибқи иттилоъи расида аз манобеъи ин ниҳодҳо ин афсарон ба он гумонбар дониста мешаванд, ки шоми шанбеи 2-юми июл ба ҷамоъати Ёли деҳаи Порвор ворид шуда, панҷ нафар аз сокинони ноҳияи Шӯроободро мавриди лату кӯб қарор додаанд.

Ба гуфтаи Ғиёсиддин Умаров, додситони ноҳияи Шӯрообод, ба ғайр аз лату кӯб, яке аз ин афсарон, ки номи онҳо ифшо намешавад, барои тарс додан аз автомат тир холӣ карда ва аз Файзалӣ Ғаффуров, як сокини ноҳияи Шӯрообод телефони мобилӣ ва ҳудуди 850 сомониро ғасб кардааст. Ба гуфтаи оқои Умаров ҳоло се нафар аз ин сокинон хулосаи ташхиси тиббиро дар даст доранд ва парванда ба додситонии ҳарбӣ фиристода шудааст.

Гуфта мешавад, ки ду нафар аз осебдидагон Давлаталӣ Сатторов ва Файзалӣ Одинаев, намояндагони маҷлиси маҳаллии Шӯрообод будаанд. Ин дар ҳолест, ки намояндагони маҷлис, тибқи қонуни Тоҷикистон дорои масунияти шахсӣ ҳастанд. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки баъзе аз ҷузъиёти дигари ин ҳодиса пас аз баррасии парванда ифшо хоҳад шуд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ