ҒАРҚ ШУДАНИ СЕ КӮДАК ДАР КОНОЛИ "БАЧАМАЗОР"
Се кӯдак аз як хонавода ба ҳангоми оббозӣ дар коноли “Бачамазор”-и ноҳияи Рӯдакӣ ғарқ шудаанд. Бино ба иттилоъи Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, ин ҳодисаи субҳи сешанбеи 5 июл, соъати 8-у 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод.
Орзӯи 2-сола, Ҷамолиддини 6-сола ва Бибимарями 9-соларо, ки аз хонаводаи Абдуаҳадов, сокини рустои Пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ будаанд, дар ин конол ғарқ шуданд. Ин манбаъ гуфт, вақте сокинони русто кӯдаконро аз об берун оварданд, онҳо аллакай ҷонҳои худро аз даст дода буданд. Зимнан, бо фарорасии фасли тобистон ва оғози мавсими оббозӣ дар конолу кӯлҳо ва рудхонаҳои Тоҷикистон мавориди маргу мир низ афзоиш меёбад. Тибқи иттилоъи Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, дар тобистони соли гузашта 52 нафар ба ҳангоми шиноварӣ ғарқ шуда буданд.
Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон ҳамасола зимни як муроҷеа тавассути шабакаҳои телевизиюн, родию ва нашрияҳои расмии ин кишвар аз сокинони Тоҷикистон даъват мекунад, бо фарорасии мавсими оббозӣ аз шиноварӣ дар рӯдхонаҳои дорои ҷараёни тунд ва кӯлҳои барои оббозӣ пешбининашуда худдорӣ кунанд. Ба сокинони Тоҷикистон тавсия мешавад, ки танҳо аз кӯл ва рӯдхонаҳое, ки дар атрофи он гурӯҳҳои наҷот фаъолият мекунанд, барои оббозӣ истифода кунанд.
Би-Би-Си