00:39:02 05-уми Июни 2025 сол

ТАХТАҲОИ ИТТИЛООТӢ ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ

Дар пешайвон ва толорҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тахтаҳои иттилоотӣ барои мусофирон насб  карда шуданд. Акнун мусофирон оид ба раванди бақайдгирӣ пеш аз парвоз, назорати махсус, раванди бақайдгирӣ баъд аз парвоз, хизматрасонии толорҳои тиҷоратӣ ва толори меҳмонони махсус, оид ба интиқоли бор, бағоҷ ва дигар қоидаҳои вобаста ба бахши ҳавопаймоӣ маълумоти муфассал гирифта метавонанд.

Дар тахтаи иттилоотӣ инчунин рўйхати ширкатҳои ҳавопаймоие, ки бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкорӣ доранд, мавҷуд аст. Дар сурати пайдо шудани ҳамагуна масъалаи вобаста ба ширкатҳои интиқолдиҳанда мусофирон метавонанд аз рақамҳои телефонӣ дар маълумотнома омада бо масъулини ширкати зарурӣ дар тамос шаванд. Ин шакли хизматрасонии иттилоотӣ барои мусофирон дастрас ва аз чанд ҷиҳат муфид буда, барои  сари вақт  гирифтани иттилоъ кўмак мерасонад.

Зарина Саидова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854