00:37:27 05-уми Июни 2025 сол

МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН КАЙ ОҒОЗ МЕШАВАД?

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, оғози дақиқи моҳи мубораки Рамазон дар авохири моҳи июл маълум хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, бинобар ҳисобшумориҳои аввалия, интизор меравад, ки оғози Рамазони имсола мусодиф ба рӯзи 31-уми июл ва ё 1-уми август хоҳад буд. Ба гуфтаи ҷаноби Абдуқодирзода дар ин самт бо Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ҳамкорӣ сурат хоҳад гирифт.

Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими исломӣ пас аз моҳи шаъбон ва пеш аз моҳи шаввол меояд. Дар ин моҳ мусулмонон ба ҷуз доштани рӯза, ба ибодат ва қироати Қуръон низ машғул шуда, қалби худро аз кина пок месозанд ва аз корҳои ғайришаръӣ даст мекашанд.

Кӯмак ва хайру эҳсон ба камбизоатон ва мӯҳтоҷон низ яке аз рукнҳои муҳими ин моҳ будааст. Аммо имсол моҳи шарифи Рамазон дар ҳоле фаро хоҳад расид, ки аксари сокинон аз дамои ҳаво дар изтиробанд ва мегӯянд, рӯза гирифтан барояшон чандон саҳл нахоҳад буд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854