17:09:25 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲАМКОРИҲОИ НИЗОМИИ ИМА ВА ТОҶИКИСТОН ВУСЪАТ МЕГИРАНД

7 июли соли 2011 сафири ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Кен Гросс ва Фармондеҳи Горди миллӣ генерал Раҳмоналӣ санги аввали бинои омӯзиши тирандозии ҷангиро гузоштанд, ки он як ҷузъи Маркази миллии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Каратоғ мебошад. Ин лоиҳа, ки арзиши умумиаш 3,1 миллион доллар аст, аз ҷониби Фармондеҳии Марказии ИМА (CENTCOM) маблағгузорӣ мешавад.

karatog__6666.jpgСафир Гросс қайд намуд, ки лоиҳаи мазкур нишондиҳандаи ӯҳдадории ИМА оиди дастгирии кӯшиши Тоҷикистон дар роҳи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳимояи миллат аз терроризм мебошад. Лоиҳа ба дастгирии таълими ҷузъу томҳои вазоратҳои гуногуни қудратии кишвар, ки ба мубориза бо гардиши маводи мухаддир ва терроризм сару кор доранд, равона шудааст.

Пас аз анҷоми сохтмон ин маркази таълимӣ дар Каратоғ дорои машқгоҳҳои ронандагиву тирандозӣ аз пистолет ва дигар аслиҳаи рахпеч, биноҳои омӯзишӣ барои бурдани амалиёти ҷангӣ дар шароити шаҳр ва деҳот, манор барои фурудоӣ бо таноб, синфхонаҳои тобистона ва манорҳои дидбонӣ иборат хоҳад буд.

Лоиҳаи мазкур яке аз силсилалоиҳаҳои ИМА мебошад, ки ба мусоидат дар мубориза алайҳи маводи мухаддир ва тақвияти амнияти сарҳади Тоҷикистон равона шуда, он сохтмони гузаргоҳ ва посбонгоҳҳо дар тӯли сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ва ҳамчунин таъмини таҷҳизоти махсус аз қабили ратсия, нақлиёт ва дигар таҷҳизоти ҳарбиро дар бар мегирад.

Дар тӯли солҳои охир Барномаи мубориза алайҳи маводи мухаддири Фармондеҳии Марказии ИМА (CENTCOM), Дафтари назорати содирот ва амнияти сарҳадот ва Дафтари сафорати ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон кӯмакҳои гуногунро ироа намудаанд, аз ҷумла сохтмони утоқҳои нави кориву таҷҳизот ва пиёдасозии барномаҳои гуногуни таълимӣ барои афсарон ва кормандони Горди миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати маводи мухаддир ва Хадамоти гумрукӣ, ва ғайра.

Мақсад аз ин ҳамкорӣ баланд бардоштани имконоти Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳимояи миллат аз гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Дар назар аст, ки лоиҳаи мазкур зимистони ҳамин сол ба анҷом расаду пас аз он CENTCOM дар робита бо ин Маркази таълимӣ боз якчанд лоиҳаҳои дигарро пиёда созад, аз ҷумла сохтмони казарма барои аскарон, ошхона, нуқтаи тиббӣ, бинои маъмурӣ, синфхонаҳо, бардоштани девори атрофи марказ ва чароғон гардонидани он, сохтани роҳҳои фаръӣ ва истгоҳи мошинҳо, ва ғайра. Ин ҳама имкон хоҳанд дод, то таълим дар ин марказ тамоми сол ба роҳ монда шавад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi