ШАБДОЛОВ БОЗ РАҲБАРИ ҲИЗБИ КОММУНИСТ ИНТИХОБ ШУД
Дар Анҷумани 29-уми Ҳизби коммунист дар Душанбе, Шодӣ Шабдолов боз раҳбари ин ҳизб интихоб гардид. Шодӣ Шадболови 68-сола бист сол ба ин ҷониб пешвои бебадали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мебошад. Ин ҳизб, ки боқимонда аз даврони Шӯравист, наздики чиҳил ҳазор аъзо дорад. Вале он амалан ба як маҳфили бознишастагон ва касоне, ки дар рӯъёи коммунистӣ ба сар мебаранд, табдил шудааст. Ин ҳақиқатест, ки худи Шабдолов низ онро инкор намекунад.
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун ҷузъи ҲКИШ дар соли 1991 дар остонаи суқути Шӯравӣ рӯи кор омад. Аъзои ин ҳизб пас аз суқути Шӯравӣ ва пас аз он ҳам мақомҳои асосӣ дар ҳукумат ва аксарияти курсиҳои парлумонии Тоҷикистонро дар ихтиёр доштанд. Аммо аъзои ин гурӯҳи сиёсӣ ҳаргиз натавонистанд чун пайравони ҷаҳонбинии хоси сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳизби худро муаррифӣ кунанд ва амал намоянд.
Дар сессия ё иҷлосияи 16-уми шаҳри Хуҷанд, вақте ҳукумати нави Тоҷикистон ба қудрат расид, ҳамаи аъзои он, аз ҷумла раиси нави Шӯрои Олӣ ҳанӯз билети коммунистиро дар ҷайб доштанд, аммо дигар ба ин ҳизб содиқ намонданд ва дар пайи ташкили ҳизби дигаре шуданд. Аксари аъзои аршади ҲК ба дунболи дарёфти мансаб дар ҳукумати нав, ҲК-ро тарк намуданд.
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон агарчанд дар давраи парлумони Тоҷикистон дар солҳои 1990 то 2000-ум аксариятро дар Шӯрои Олии Тоҷикистон дар ихтиёр дошт, аммо аз худ натавонист дифоъ кунад ва дар ҳамин солҳо моликияти ҲК тавассути парлумоне, ки аксарияташ аъзои ҲК, аммо содиқ ба раҳбари ҷумҳурӣ буданд, ба ҷонибдории давлатӣ кардани моликияти Ҳизби коммунист раъй доданд.
«Озодӣ»