ПАРВАНДАИ “МОВАРОУННАҲР” БА ДОДГОҲ ИРОА ШУД
Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр”, ки ба сохтмони маскан дар ин кишвар машғул буд, ба додгоҳ ироа кард. Додситонӣ оқои Охуновро дар “қаллобӣ ё тасарруфи амволи ғайр бо роҳи фиреб ба миқдори махсусан калон” муттаҳам кардааст.
Дар сурати таъйиди ин иттиҳомот, додгоҳ метавонад, оқои Охуновро аз даҳ то ба понздаҳ сол равонаи зиндон кунад. Умед Пӯлодов, бозраси ин парванда рӯзи сешанбеи 12-уми июл ба Би-би-сӣ гуфт, ки маводди парвандаи раиси ширкати “Мовароуннаҳ” ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ироа шудааст, вале ахиран тасмим шуд, ки ин парванда дар додгоҳи шаҳри Душанбе муҳокима шавад.
Оқои Пӯлодов аз ироаи ҷузъиёти бештари иттиҳомот алайҳи Ҷӯрабек Охунов худдорӣ кард ва гуфт, ки ҳамакнун баррасии ин мавзӯъ дар салоҳияти додгоҳ қарор дорад. Аммо Тӯрабек Охунов, муъовини раиси “Мовароуннаҳр” куллия итиҳомоти ворида алайҳи Ҷӯрабек Охуновро бепоя мехонад ва изҳори умедворӣ мекунад, ки дар додгоҳ гуноҳ надоштани раиси ин ширкат собит хоҳад шуд.
Ӯ мегӯяд: “Ҷӯрабек Охунов аз хадамоти се вакили мудофеъ бархурдро аст ва мо бовар дорем, ки онҳо дар додгоҳ бегуноҳ будани ӯро собит мекунанд.” Вале талошҳои мо барои дарёфти шарҳи ин қазия аз сӯйи ин вукалои мудофеъ натиҷае дар пай надошт. Зимнан, Ҷӯрабек Охунов 9-ми ноябри осли 2010 аз сӯйи масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон ба иттиҳоми тасарруф ва фиреби мизоҷон (муштариён) боздошт шуда буд. Шерхон Салимзода, додситони кулли кишвар дар як нишасти матбуъотӣ изҳор дошт, ки ин ниҳод далоили кофие барои боздошти оқои Охуновро дар ихтиёр дорад.
Вай аз ҷумла иддаъо дошт, ки бозрасон собит кардаанд, ки раиси ширкати “Мовароуннаҳр” дар чанд маврид як оппортумонро ба ду нафар саҳмгузорон ба фурӯш гузошта ва аз онҳо маблағ гирифтааст. Вале масъулони “Мовароуннаҳр” ин иддаъоро радд мекунанд. Ҳамчунин гузориш шуда буд, ки маъмурони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон фаъолияти ширкати “Мовароуннаҳр”-ро мавриди таҳқиқи қарор дода ва мавориди сирқат дар фаъолияти ин ширкат ҷой надоштааст.
Ва ҳарчанд ин бозрасӣ бар асоси ҳукми Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом шудааст, вале бо ин вуҷуд парвандаи Ҷӯрабек Охунов ба додгоҳ ироа шуд. Баъд аз боздошти Ҷӯрабек Охунов фаъолияти ширкати “Мовароуннаҳр” комилан мутаввақиф шуд. Манобеъи ин ширкат мегӯянд, ки ҳудуди 500 тан аз муштариёни ин ширкат, ки сохтмони манозили маскунии худро сармоягузорӣ кардаанд, кумитаеро барои дифоъи Ҷӯрабек Охунов таъсис карданд.
Дар тӯли ин муддат ба ибтикори ин кумита унвонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ниҳодҳои зирабт ҳудуди 25 муроҷиатномаҳо ирсол шуданд, ки дар бештаре аз онҳо озодии оқои Охунов талаб шуда буд. Ба эътиқоди масъулони ин кумита, дар сурати озодии Ҷӯрабек Охунов онҳо имкон пайдо хоҳанд кард, ки маскан ва ё пули масрафшудаи худро бозпас бигиранд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ки дар гузашта “Мовароуннаҳр” бузургтарин ширкати сохтмонии маскан дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд ва арзиши манозили сохтаи онҳо дар муқоиса бо ширкатҳои дигар арзонтар буд. Ба ин далел, чунин эҳтимол низ вуҷуд дошт, ки қазияи раиси ширкати “Мовароуннаҳр” як амали тарҳрезишуда ва ба суди ширкатҳои дигари машғули сохтмони маскан дар Душанбе бошад.
Би-Би-Си