16:49:27 24-уми Июни 2025 сол

ТАЪВИҚ ДАР ИСТИРДОДИ НИЗОМХОН ҶӮРАЕВ

То замони баррасии шикоёти вукалои мудофеъи Низомхон Ҷӯраев дар Додгоҳи Урупоии Ҳуқуқи Башар истирдоди ӯ аз Русия ба Тоҷикистон ба таъвиқ афтодааст.

Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 12 июл, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки пас аз рад шудани дархости оқои Ҷӯраев барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ дар додгоҳи шаҳри Маскав ва Додгоҳи олии Русия, вукалои мудофеъи ӯ аз ин тасмим ба Додгоҳи Урупоии Ҳуқуқи Башар шикоят бурдаанд.

Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд ва раиси пешини корхонаи шимиёии Исфара дар соли 2007, пас аз он ки додситонӣ алайҳи вай ва беш аз 30 нафар аз наздикону тарафдоронаш парвандаи ҷиноӣ боз кард, аз Тоҷикистон фарор кард. Сипас, 18 августи соли 2010 оқои Ҷӯраев дар яке аз маҳаллоти шаҳри Маскав аз сӯйи маъмурони пулиси Русия бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт гардид.

Оқои Ҷӯраев бар асоси қонуни кайфарии Тоҷикистон ба иртикоби қатл, таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, роҳзанӣ, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа, ихтилос ё сирқати маболиғи давлатӣ, пулшӯйӣ, напардохтани молиёт ва тақаллуби аснод муттаҳам шудааст.

Зимнан, мақомоти тоҷик Низомхон Ҷӯраевро дар созмондеҳии террури Толиб Бобоев, додситони кулли вақти Тоҷикистон низ мазнун медонанд. Ба ин далел, бархе аз соҳибназарон аз вуҷуди ангезаҳои сиёсӣ дар ин қазия изҳори назар мекунанд, чизе ки Абдусамеъ Додобоев, раиси бахши равобити байналмиллалии Додистонии кулли Тоҷикистон рад кард.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ