16:31:01 24-уми Июни 2025 сол

ДАРГУЗАШТИ МУЪОВИНИ РАИСИ КУМИСИЮНИ ИНТИХОБОТИ ТОҶИКИСТОН

Кароматулло Холиқов, муъовини раиси Кумиссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон дар синни 52-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Кумиссиюни интихобот, оқои Холиқов дар пайи бемории қалб ба сурати ногаҳонӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Кароматулло Холиқов 23-уми феврали соли ҷорӣ бо пешниҳоди Президент Раҳмон ба симати муъовини раиси ин кумиссиюн интихоб шуда буд. Зимнан, ин симат ҷамъиятӣ маҳсуб маҳсуб мешавад.

Ҷойи кори аслии оқои Холиқов донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Вай раёсати ин донишкадаро бар ӯҳда дошт. Дар ин симат Кароматулло Холиқов тӯли панҷ соли ахир ифои вазифа кардааст.

Ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, оқои Холиқов аз ҳуқуқдонҳои саршиноси Тоҷикистон буд ва қарор буд, ки дар тирамоҳи имсол рисолаи дуктуриаш дар Маскав таъйид мешуд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ