НУСРАТУЛЛО АБДУЛЛОЕВ: “МАН АЗ ПИСАРАМ ҲИМОЯТ НАКАРДААМ”
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт: ”Агар писарам муртакиби ҷароим шуда бошад, дар назди қонун посух хоҳад гуфт.”
Нусратулло Абдуллоев, ки рӯзи ҷумъаи 15 июл, ба суолоти хабарнигорон посух мегуфт, таъкид кард, ки писараш 24 сол дошта ва соҳиби дониши ҳуқуқӣ аст ва аз ин лиҳоз, метавонад худ барои кирдорҳои худ ҷавоб гӯяд. Оқои Абдуллоев, қазияи фарзанди ӯро бозрасон баррасӣ карда ва ӯ ба ҷараёни кори тафтишотӣ мудохила накардааст.
Ӯ гуфт, писараш дар рух додани тасодум ё садами утумубилӣ мазнун дониста шудааст. Фарҳод Абдуллоев, писари раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ронандаи он худраве будааст, ки рӯзи 24 апрели соли ҷорӣ як шаҳрванди чиниро аз по даровард ва ин фард дар ин ҳодиса ҷон дод.
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки писараш ба ҳангоми ронандагӣ масту сархуш набуд ва амали ӯ низ на барқасдона, балки тасодуфӣ аст. Дар ҳамин моҳ, Фирдавс Шарифови 26-сола, писари Иззатулло Шарифов, муъовини вазири адлия ва раиси Идораи зиндонҳои ин вазорат, се духтари ҷавонро бо худрав зада буд.
Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон дар ин бора гуфт, ки дар ин садамаи нақлиётӣ касе кушта нашуд ва ба ин далел, парвандаи ҷинойӣ дар қиболи оқои Шарифов қатъ шудааст.
Би-Би-Си