«МЕГАФОН-ТОҶИКИСТОН» ЭЪТИБОРИ ҶУМҲУРИРО БАЛАНД МЕБАРДОРАД
Имрӯз ширкати «МегаФон» ба ғолибони мусобиқаи кушоди Русия оид ба футбол дар соли 2011 барои дарёфти Ҷоми «Оянда аз ту вобаста аст» мукофот супорид. Тими Тоҷикистон соҳиби сертификати сафар ба Бритониёи Кабир гардида, имконияти боздид аз клуби «Арсенал»-ро пайдо намуд.
Ширкати «МегаФон» аз соли 2005 инҷониб миёни тарбиятгирандагони хонаҳои бачагона ва мактаб-интернатҳо оид ба футбол мусобиқа мегузаронад. Ин чорабинӣ аз соли 2009 ба сатҳи федеролӣ ва як сол қабл ба сатҳи байналхалқӣ баромад. Ҳамасола дар он тарбиятгирандагони зиёда аз 200 хонаи бачагона ширкат варзида, тӯли ин муддат дар мусобиқаҳо наздик ба 5000 наврас иштирок намуд.
«МегаФон- Тоҷикистон» аз соли 2010 иштироки тимҳои худро дар ин мусобиқот таъмин менамояд. Соли гузашта футболбозони навраси тоҷик аз рӯи ду нишондоди синну сол мавқеи панҷумро соҳиб шуданд. Соли 2011 тимҳои тоҷикистонӣ сатҳи нави бозӣ ва малакаи баландро нишон дода, миёни хурдсолон (11-13 сола) тими футболбозони мактаб-интернати шаҳри Хуҷанд ғолибиятро соҳиб гардид.
Баҳри табрики ғолибон намояндагони ширкати «МегаФон» аз Тоҷикистон ва Русия, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ, раиси Шӯрои саҳмиядорони ҶСК «Тоҷиктелеком» Бек Зуҳуров омаданд.
Футболбозони наврасро муовини якуми директори генералии ҶСК «МегаФон» Валерий Ермаков пазируфта, мукофоти олиро ба ғолибон директори иҷроияи ҶСП «ТТмобайл» ё ин ки «МегаФон-Тоҷикистон» Алексей Семенов супурд. Баъд аз маросими тӯҳфа супорӣ футболбозони наврас ба машқҳои омӯзишии варзишӣ, ки аз ҷониби ситораҳои машҳури футболи Русия Владимир Бесчастных ва Дмитрий Ананко гузаронида шуд, рафтанд.
«Ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон баҳри рушди варзиш корҳои зиёдро ба анҷом расонидааст, аз сохтмони варзишгоҳ то гузаронидани машқҳои омӯзишии варзишӣ барои кӯдакони бепарастор. Ин саҳми мо барои оянда, саломатӣ ва хушҳолии мардуми Тоҷикистон аст»,-зикр намуд Маликшо Неъматов.
Зимни вохӯрӣ бо намояндагони ВАО Бек Зуҳуров гуфт, ки «Дар давоми 10 соли фаъолияти худ ширкати «ТТ мобайл» даҳҳо лоиҳаҳои иҷтимоиро бо маблағи қариб 1, 5 миллион сомонӣ анҷом додааст. Сиёсати иҷтимоии ширкати «МегаФон-Тоҷикистон» баҳри баланд бардоштани эътибори ҷумҳурӣ ва соҳаҳои иқтисодиву фарҳангии он равона гардидааст.
Дилшодаи Хайруллоҳ, АМИТ «Ховар»