07:33:54 02-уми Июли 2025 сол

ҶАЛБИ ҶОНИБДОРОНИ АҲМАДОВ БА НЕРӮҲОИ ПУЛИС

Ҳашт нафар аз ҷонибдорони Мирзохӯҷа Аҳмадов барои кор дар суфуфи пулиси Рашт истихдом шудаанд. Ба гуфтаи вазири умури дохилаи Тоҷикистон, таҳқиқи парвандаи худи оқои Аҳмадов идома дорад ва ба ин далел то ҳол мавзӯъи ҷалби ин фармондеҳи пешини мухолифон барои кор дар пулис ҳалли худро наёфтааст.

/images/stories/2011/07/20_tajik_troops_rasht_544554.jpgЖенрол Қаҳҳоров рӯзи чаҳоршанбеи 20 июл дар як нишасти матбуъотӣ гуфт, ки афроде, ки ба суфуфи пулис истихдом шудааанд, “ба ватан вафодор ҳастанд ва бо аъмоли худ садоқати худро нишон додаанд.”

Ба гуфтаи Абдураҳим Қаҳҳоров, муъовинати раиси бахши пулис дар минтақаи Раштро Шоҳ Искандаров, яке дигар аз фармондеҳони мухолифини пешин, бар ӯҳда дорад ва ӯ аз аъмоли ҳар яке аз ҷонибдорони мухолифони собиқ ба хубӣ огоҳӣ дорад.”

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон афзуд, ки ҳоло 90 дарсади кормандон ба суфуфи бахши пулиси минтақаи Рашт истихдом шудаанд ва маҳдудияте барои ҷалби афроде дигар, аз ҷумлаи ҷонибдорони мухолифони пешин вуҷуд надорад.

Вай афзуд: “Шарти аслӣ даст надоштан дар ҷиноёт алайҳи давлат аст. Вале, бояд бигӯям, ки ҷонибдорони “Мулло Абдулло” ва “Алӣ Бедакӣ” ба суфуфи пулис ҷалб намешаванд.”

Зеро, ба гуфтаи женерол Қаҳҳоров, ин афрод дар фаъолиятҳои теруристӣ ва пайкорҷӯйӣ муттаҳам шудаанд ва теъдоде аз ҷонибдорони онҳо кушта ва ё боздошт шудаанд. Тибқи иттилоъи ин манбаъ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 46 тан аз чунин афрод боздошт ва 55 нафари дигар дар ҷараёни амалиёти вижа дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон кушта шудаанд.

Аз ҷумла, 19 нафар дар ҷараёни амалиёти боздошти “Мулло Абдулло” кушта шудаанд ва 12 нафари дигар зимни боздошти “Алӣ Бедакӣҷони худро аз даст додаанд. Афроди дигар зимни боздошти зиндониёни фирорӣ ва боздошти пайкорҷӯён дар ноҳияи Исфара ва минтақаи Майхура аз сӯйи маъмурони амниятӣ ва интизомӣ “нобуд карда шудаанд.”

Абдураҳим Қаҳҳоров ҳамчунин хабар дод, ки дар ним соли аввал маъмурони интизомӣ ва амниятиии Тоҷикистон ҳудуди 45 нафар аз пайравони созмонҳо ва ҷунбишҳои ифротгароро боздошт кардаанд.

Аз ҷумла, дар шаш моҳ дар қаламрави Тоҷикистон 14 узви Ҳизби Таҳрир, 18 нафар ҷонибдорони Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ва 12 нафар пайравони Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги шӯришӣ боздошт шудаанд.

Ин сарҳанги собиқи вазорати дифоъи Тоҷикистон соли 1996 нахуст дар вилояти Хатлон алайҳи давлат шӯриш кард, вале ночор ба фирор шуд. Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, вай дар қаламрави Ӯзбакистон паноҳ бурдааст.

Соли 1998 ба вилояти Суғди Тоҷикистон ҳамлаи низомӣ сурат гирифт, ки ҳудуди сад тан кушта бар ҷой гузошт. Давлати Тоҷикистон оқои Худойбердиевро дар ин амр муқассир донист. Вале дархости мукаррари Тоҷикистон барои боздошт ва истирдоди оқои Худойбердиев ба ватан натиҷае дар пай надошт.

Дар тӯли беш аз даҳ соли ахир беш аз 150 тан аз ҷонибдорони ин сарҳанги шӯришӣ ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон муҷозот шуда ва бархе аз онҳо эъдом шудаанд. Бархе аз коршиносон, ҳузури Маҳмуд Худойбердиев дар қаламрави кишвари ҳамсояро яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Зеро, сару садоҳое вуҷуд доранд, ки оқои Худойбердиев бо ниҳодҳои низомӣ ва амниятии ин кишвари ҳамсоя ҳамкорӣ дорад.

Абдураҳим Қаҳҳоров дар посух ба ин суоли хабарнигорон, ки оё эҳтимоли ҳамлаи низомии Маҳмуд Худойбердиев ба Тоҷикистон ҳамчунон вуҷуд дорад ё хайр, гуфт, ки “чунин эҳтимол аз воқеъият дур нест.”

Вай афзуд, ки барои чунин нигаронӣ далоиле низ дар даст доранд. Зеро, ба гуфтаи вазири умури дохилаи Тоҷикистон, таҳқиқи се ҳолати талоши анҷоми амали теруристӣ дар шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ собит сохтааст, ки дар ин ҳаводис ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиев даст доштаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ