ҲУШДОР АЗ ТАҲДИДИ ЭҲТИМОЛИИ МАҲМУД ХУДОЙБЕРДИЕВ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз таҳдиди сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев ҳушдор додааст. Абдурраҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон ин нуқтаро рӯзи чаҳоршанбе зимни як нишаст матбуотӣ баён намуда бурузи дубораи ин сарҳанги шӯриширо баъид надонистааст.
Ба эътиқоди мақомоти Тоҷикистон, сарҳанги шӯришгари тоҷик Маҳмуд Худойбердиев бо гурӯҳи мусаллаҳи худ дар қаламрави Узбакистон ба сар мебарад. Собиқ полковники нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Маҳмуд Худойбердиев дар арафаи сулҳи кишвар дар соли 1997 ва дертар тирамоҳи соли 1998 ба канораи Душанбе ва шаҳри Хуҷанд ҳамла карда буд. То ҳанӯз афроде бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ӯ дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум мешаванд.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан бо ҷониби Узбакистон дар мавриди истирдоди ҷинояткорон, аз ҷумла сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев, вориди гуфтушунид шуда буданд, вале ба натиҷае нарасидаанд ва ин сарҳанги шӯришӣ то ҳанӯз дар он кишвар боқӣ мондааст.
ҶАЛБИ ҶОНИБДОРОНИ АҲМАДОВ БА НЕРӮҲОИ ПУЛИС
Вазири умури дохилии Тоҷикистон ҳамзамон аз ҷалби ҳашт нафар аз афроди ҷонибдори Мирзохӯҷа Аҳмадов барои кор дар ниҳодҳои интизомӣ хабар дод. Ҷаноби Қаҳҳоров дар мавриди истихдоми худи Аҳмадов гуфт, таҳқиқи парвандаи ӯ ниҳоӣ нагашта ва ба ин далел то ба ҳол ҷалби ин фармондеҳи нерӯҳои мухолифини пешини ҳукумати Тоҷикистон ҳалли худро наёфтааст.
Мақомот Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба таври ғайримустақим дар қатли Олег Захарченко, сардори Раёсати мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохилӣ дар феврали соли 2008 муқассир хонда ва пас аз чанде шӯъбаи ҳамноми ин вазорат дар зери назорати ӯ дар ноҳияи Раштро пароканда карда буданд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ҳодисаи ҳамла ба корвони вазорати дифоъ дар тирамоҳи соли гузашта ибтидо аз Аҳмадов гумонбар шуданд ва дар ҷараёни амалиёте дар минтақа, манзили зисти ӯ тавассути чархбол ба оташ кашида шуд.
Вале дертар масъулин бо ӯ вориди музокира шуданд ва натиҷаи ин музокирот чунин шуд, ки Аҳмадов ва ҳамроҳонаш дар боздошт ва маҳви Алии Бедакӣ ва МуллоАбдулло- роҳбарони гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳ бо мақомот ҳамкорӣ кардаанд.
«Озодӣ»