МАРГИ ЯК СОКИНИ ХУҶАНД АЗ ТАРСИ ЗИЛЗИЛА
Абдулло Ашрапов, як сокини 43-солаи шаҳри Хуҷанд, ки дар маҳаллаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ба сар мебурд, аз тарси зилзилаи шаби 20-уми июл аз манзили зисташ, ки аз ду ошёна иборат будааст, ба замин сарозер шуда ва ҷони худро аз даст додааст. Дар ин бора ба мо манобеъи Идораи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.
Тибқи иттилоъи ин манобеъ, Абдулло Ашрапов замоне ба ҳалокат расида, ки бар асари зилзилаи шадид дар ҳолати хоболудӣ худро аз ошёнаи дувуми манзилаш ба берун партофта ва аз осеби шадиди сар дар ҷойи ҳодиса фавт кардааст.
Манобеъи беҳдоштӣ мегӯянд, баъд аз вуқӯъи зилзилаи шаби гузашта аз сокинони шаҳри Хуҷанд ҳафт мавриди муроҷиъаи шашҳрвандон ба пизишкон сабт шудааст. Умдатан сокинон аз бими ин ҳодиса ва боло шудани фишори хун дархости кумаки пизишкӣ кардаанд. Зимнан, шаби 20 июл, соъати 00.35 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон зилзилае рух дод.
Бар асоси иттилоъи Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, маркази ин зилзила дар вилояти Ботканди Қирғизистон, дар 280-килуметрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, воқеъ буда ва шиддаташ аз 6 то 7 дараҷаи Риштер арзёбӣ шудааст. Тибқи иттилоъи Идораи умури изтирории вилояти Суғд, шиддати зилзила дар қаламрави ин вилоят аз 5 то 6 дараҷаи Риштер будааст.
Би-Би-Си