01:21:06 10-уми Июни 2025 сол

ГУРОН ҲОДЖИЧ БА ДОДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ФИРИСТОДА ШУД

Субҳи рӯзи ҷумъа, 22 июл, худрави ҳомили Гурон Ҳоджич, фармондеҳи нерӯҳои серби Круосӣ дар ҷараёни ҷанги дохилии Югусловии собиқ, бо ҳамроҳии корвоне аз худравҳои пулиси Сербистон аз зиндоне дар Белгрод, пойтахт, озими фурудгоҳи ин шаҳр шуд.

Оқои Ҳоджич, ки ҳукми ҷалби байналмилалии ӯ тавассути додгоҳи расидагӣ ба ҷароими ҷангӣ дар Югусловии собиқ ҳафт сол пеш содир шуда буд, саранҷом рӯзи чаҳоршанбеи ин ҳафта дар Сербистон боздошт шуд ва давлати ин кишвар бо эъзоми ӯ ба Лоҳа, мақарри Додгоҳи Байналмилалӣ, мувофиқат кардааст.

Парвандаи иттиҳоми алайҳи гурон Ҳоджич ба амалиёти низомии сербҳои Круосӣ дар мухолифат бо истиқлоли ин бахш аз Югусловии собиқ дар даҳаи 1990 бозмегардад ва аз ҷумла шомили масъулияти вай дар қиболи куштори дастаҷамъии шуморе аз сокинони ғайрисерби шарқи Круосӣ аст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854