ФАЗЛИДДИНОВ: ДАР ДАНҒАРА АМАЛИЁТИ БОЗДОШТИ ФИРОРИЁН ҶАРАЁН ДОРАД
Раиси ноҳияи Ҳамадонӣ иттилоъ дод, ки нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ба ҳолати омодабош даромадаанд. Хуҷамурод Фазлиддинов дар нишасти матбуъотии рӯзи 22-уми июл ба хабарнигорон гуфт, ки дар ноҳияи Данғара чаҳор зиндонии фарории мавриди ҷустуҷӯи нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон дида шудаанд.
Вай гуфт, ки ҳоло барои боздошти ин афрод, ки дар моҳи августи соли гузашта аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон фарор карда буданд дар ноҳияи Данғара амалиёти вижа ҷараён дорад. Раиси ноҳияяи Ҳамадонии вилояти Хатлон, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир тадобири амниятӣ дар ҳамаи посгоҳҳои марзӣ ташдид шуда ва кулия кормандони интизомӣ ва амниятӣ дар минтақа ва кишвар ба ҳолати омодабош даромадаанд.
Зеро ба гуфтаи вай ин бим вуҷуд дорад, ки зиндониёни фирорӣ талош мекунанд, то аз марз убур кунанд ва дар қаламрави Афғонистон паноҳ бибаранд. Оқои Фазлиддинов гуфт: “Ҳоло нисфи нерӯҳои интизомӣ ва амниятии ноҳияи Ҳамадонӣ ба сарҳад ва нисфи дигар ба Данғара сафарбар шудаанд, то ки дар амалиёти боздошти чор фирорӣ ширкат кунанд.”
Гуфта мешавад, гурӯҳи 25-нафарии зиндониён, ки шаби 23-юми августи соли гузашта аз боздоштгоҳҳои вазорати адлия ва кумитаи амният фарор карда буданд, маҳз тавассути ноҳияи Ҳамадонӣ ба қаламрави Афғонистон убур карданд.
Би-Би-Си