08:57:11 29-уми Апрели 2025 сол

РАИСИ НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ: "ВАЗЪИЯТ ФАВҚУЛОДА АСТ"

Раиси ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, дар марзи ин ноҳия тадобири шадиди амниятӣ аз сар гирифта шудааст. Хӯҷамурод Фазлиддинов, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, ки дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, ҳамзамон гуфт, феълан кормандони мақомоти интизомии ин ноҳия ба Данғара сафарбар шудаанд.

/images/stories/2011/07/22_fazliddinov_2011.jpgПеш аз ин, масъулони баъзе аз шӯъбаҳои умури дохилӣ дар  минтақаи Кӯлоб аз баргузории як амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Данғара хабар дода буданд. Бино ба гуфтаи онҳо, теъдоде аз кормандонашон ба манзури ширкат дар як амалиёти вижа ба ноҳияи Данғара сафарбар шудаанд. 

Аз ҷумла, муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мӯъминобод, Юсуф Алиев, рӯзи 21-уми июл дар сӯҳбат ба хабарнигори “Озодӣ” таъйид кард, ки сардори шӯъба ҳамроҳи як гурӯҳ аз кормандон барои иштирок дар ин амалиёт ба ноҳияи Данғара рафтаанд.

Шариф Наимов, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод низ гуфта буд, ки ҳоло онҳо барои сафар ба ноҳияи Данғара омодагӣ мегиранд. Аммо ин масъулон дар робита ба ҷузъиёти баргузории ин амалиёт изҳори назаре накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони мавзеи Гули Зиндони ноҳияи Данғара вуҷуди афроди мусаллаҳ дар ин минтақаро мушоҳида карда ва ба гуфтаи онҳо дар ин бора ба мақомот хабар додаанд. Ин сокинон ҳадс задаанд, эҳтимол дорад ин афрод бақияи маҳбусони фирорӣ аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе бошанд.

Вале масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар ноҳияи Данғараро рад карда ва гуфтанд, ки дар он ҷо машқҳои муштараки кормандони пулиси вилояти Хатлон ҷараён дорад.

Тоҳир Норматов, сардори ситоди Вазорати умури дохилӣ дар сӯҳбат ба мо гуфт: "Дар он ҷо ягон гап нест. Фақат ин, ки кормадони пулис ҳамроҳи кормандони комиссариатҳо тамрин мекунанд."

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ