08:39:07 29-уми Апрели 2025 сол

ОҚИЛ ОҚИЛОВ ДАР ХОРУҒ

Дирӯз, 22-и июл, гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро сарвазири мамлакат Оқил Оқилов сарварӣ мекунад, ба Бадахшон омад.

/images/stories/2011/07/23_oqil-oqilov_445485465.jpgГурӯҳи корӣ аз намояндагони чандин вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ иборат буда, мақсади асосии сафари онҳо ба вилоят шиносоӣ бо рафти омодагӣ ба бистсолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷараёни корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооте, ки дар рӯзи истиқлолияти кишвар мавриди истифодабарӣ қарор мегиранд, мебошад.

Мувофиқи нақша имсол то ҷашни истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 50 иншооти муҳими аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дошта бояд то моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд. Тибқи барнома сарвазири мамлакат нимаи дуввуми имрӯз, яъне 23-юми июли соли ҷорӣ бо кормандони ҳукумати шаҳру вилоят ва идораҳои дахлдор сӯҳбат доир хоҳад намуд.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ