00:55:10 02-уми Июли 2025 сол

РАИСИ МАҶЛИСИ ШӮРОБ ДАР ТАҚАЛЛУБ ДАР ҶАРАЁНИ ИНТИХОБОТ МУТТАҲАМ ШУД

Додситонии вилояти Суғд Валӣ Эркабоев, раиси Маҷлис ва шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфараи вилояти Суғдро ба иттиҳоми даст доштан дар тақаллуб дар ҷараёни интихобот, боздошт кардааст. Тибқи иттилоъи як манбаъ аз додситонии вилояти Суғд, оқои Эркабоев ҳамчунин дар сӯйистифода ва берун рафтан аз ваколати хидматӣ ва сарфи назар аз ҳалли муроҷеъати шаҳрвандон мазнун дониста шудааст.

/images/stories/2011/07/26_police_304212121.jpgИн манбаъ афзуд, ки дар парвандаи оқои Эркабаоев додани ришваи сӣҳазордуллорӣ барои касби мақоми вакили маҷлиси маҳаллӣ дар интихоботи соли гузашта дар Тоҷикистон матраҳ аст. Гуфта мешавад, ки таҳқиқи ин парванда аз моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз шуда, ду рӯз қабл Валӣ Эркабоев боздошт шудааст ва интизор меравад, иттиҳоми расмӣ алайҳи ӯ рӯзи душанбеи 25 июл расман ба вай эълом шавад.

Манобеъи огоҳ аз раванди таҳқиқи ин парванда мегӯянд, ки Эркабоев аз фаъолони ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон аст ва дар иртикоби тақаллуб дар раванди интихобот ба маҷлиси маҳаллӣ аз ҳавзаи Шӯроб дар соли гузашта мазнун дониста мешавад. Дар робита ба ин қазия раиси пешини шаҳраки Шӯроб, ки аз ӯ ба унвони Маҳкамов ном бурда мешавад низ боздошт ва муҷозот шудааст. Додгоҳ ӯро ба пардохти ҷарима маҳкум кардааст.

Зимни таҳқиқи ин парванда ошкор шуда буд, ки гӯё оқои Маҳкамов барои вакили маҷлиси маҳаллӣ интихоб шуданаш ба Валӣ Эркабоев 30 ҳазор дулор ришва додааст. Ҳоло бозрасон инро мехоҳанд ошкор кунанд, ки ин миқдор ришва ниҳоят ба дасти кӣ дода шудааст, зеро оқои Эркабоев иддаъо дорад, ки ин маблағро нагирифтааст.

Аз сӯйи дигар, тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, дар ҷараёни таҳқиқи ин парванда мавориди зиёди тақаллубкорӣ дар раванди интихоботи соли 2010 ошкор шудааст. Ин дар ҳолест, ки он замон масъулони Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки дар ин минтақа аз нуфузи густурда бархурдоранд, аз нақзи қавонини интихобот ва адами шаффофият дар шумориши орои интихобкунандагон шикоят карда буданд.

Зимнан, раиси Маҷлис ва шаҳраки Шӯроб ҳамчунин дар сӯйистифода ва берун рафтан аз ваколати хидматӣ ва сарфи назар аз ҳалли муроҷеъати шаҳрвандон мазнун дониста шудааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки вай бо сӯйистифода аз ваколатҳои хидматиаш ба раванди интихобот мудохила карда бошад.

Қонуни кайфарӣ ё ҷазои Тоҷикистон барои иртикоби чунин ҷароим мӯлатҳои тӯлонии зиндонро дар назар дорад. Аз ҷумла, барои иртикоби қаллобӣ “бо миқдори махсусан калон” то 15 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ