16:15:12 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КОНСЕРТИ ЁДБУДИ ШОҲИ ПОПИ ҶАҲОН МАЙКЛ ҶЕКСОН

Дар моҳи октябри соли ҷорӣ гурӯҳе аз аҳли хонаводаи Майкл Ҷексон бахшида барои гиромидошти ин сарояндаи попи ҷаҳон консерте барпо мекунанд, ки  қарор аст дар варзишгоҳи «Миллениум»-и шаҳри Кордифф баргузор гардад. Дар ин бора хешовандагони Майкл Ҷексон дар як нишасти хабарӣ иттилоъ доданд, хабар медиҳад сомонаи ContactMusic.

/images/stories/2011/07/26_maikl-jekson_4444.jpgҲамон тавре, ки модараш Кэтрин мегӯяд, хоҳар ва бародарони ӯ Тито, Джеки, Марлон ва инчунин чандин сарояндагону ҳунармандони машҳур низ дар ин консерт ширкат меварзанд. Дар ҳоли ҳозир рӯйхати ширкаткунадагон дар он консерт эълон нашудааст. Ба гуфти хонаводаи Майкл Ҷексон дар саҳна танҳо ҳамон афроде, ки Ҷексон онҳоро дӯст медошт ва эҳтиром мекард, ҳунарнамоӣ мекунанд. Рӯйхати ширкаткунандагон дар ин маҳфил то 4-уми август мунташир хоҳад шуд. Ва дар ҳамин рӯзҳо фурӯши чиптаҳои консерт ба роҳ монда мешаванд.

Дар айни замон барои эълон ва маҳали баргузории ин консерт бархе аз дигар аъзои хонаводаи Ҷексон изҳори нороҳатӣ кардаанд ва талош доранд, ки аз барпо шудани чунин як консерт ҷилавгирӣ намоянд. 

Ба гуфтаи онҳо кори хуб нест, ки консерт дар ҳамон шабу рӯзе баргузор мегардад, ки мурофиаи муттаҳам ба қатли овозхони маъруф, доктори хонаводагии онҳо Конрад Мюрр дар Амрико оғоз мешавад.

Дар Тоҷикистон низ Майкл Ҷексон алоқамандон ва пайравони худро дорад. Овозхони маъруфи туркмантабори тоҷикистонӣ Пенҷӣ Аннаев аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi