ВАЗИРИ УМУРИ ХОРИҶИИ АФҒОНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ ОВАРД
Имрӯз, 27-уми июл дар нимаи аввали он, вазири умури хориҷаи Афғонистон доктор Залмай Расул бо сафари чаҳоррӯза ба Тоҷикистон омад.
Бино ба иттилои сардори департаменти иттилоот ва таҳлилу барномарезии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев имрӯз дар нимаи дуввуми он мулоқоти вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири хориҷии Афғонистон Зулмай Расул баргузор мегардад.
Ба гуфти ӯ интизор меравад, ки вузарои хориҷа ҳарду кишвар масоили густардаи равобити дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодёт, энергетика, амният, маориф ва тандурустӣ мавриди баҳс қарор бидиҳанд.
Ҳамчунин барномарезӣ шудааст, ки дар тӯли сафар вазири умури хориҷаи Афғонистон Залмай Расул бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намояд.
Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»